Таҷлили Рӯзи оила бо беҳтарин оилаҳои ҷавон

 1 758 боздид

Имрӯз, 15-уми май дар шаҳри Исфара бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Идигули Тағо, муовини раиси вилояти Суғд, Назира Ғаффорӣ, раиси шаҳри Исфара Дилшод Ҷабборӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, Аниса Ҷалилӣ ва мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт, Обода Каримӣ Рӯзи байналмиллалии оила таҷлил карда шуд.

Тавре Обода Каримӣ иттилоъ дод, дар чорабинии идона аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд беҳтарин оилаҳои ҷавон ширкат варзиданд. Аз ноҳияи Ашт бошад, оилаи намунавии корманди ШВКД дар ноҳия, Акмал Қучқоров ва ҳамсари ӯ омӯзгор, Лобар Ҳамроқулова иштирок намуданд. Лобар Ҳамроқулова бо сароидани суруди “Султони қалбам” тавонист таъби ҳозиринро болида намояд.

Дар охир туҳфаҳои раиси вилояти Суғдро Қосимзода Идигули Тағо ба оилаҳои ҷавон тақдим намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.