Таҷлили Рӯзи парчам дар Ашт

 1 369 боздид

Имрӯз, 24 ноябр дар ноҳия Рӯзи парчам таҷлил карда шуд. 

Ҷавонони ноҳия дар шаҳраки Шайдон ба даст парчам гирифта, аз даромадгоҳи шаҳраки Шайдон то назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов раҳпаймоӣ карданд.

Раиси ноҳия ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи парчам таҳният гуфта, саодати зиндагиро таманно кард.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ гуфт, ки парчам рамзи соҳибистиқлолӣ буда, яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар  ранги сафеди он тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудааст.

Зимни таҷлил аз Рӯзи парчам барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.