Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт афсарону сарбозонро ба муносибати Рўзи Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд.
Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки имсол ба таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, 30 сол пур мешавад. Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тўли таърихи мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони бонангу номус марзҳои давлати соҳибихтиёрамонро бо сари баланд ҳимоя менамоянд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста, ба қисмҳои низомӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.