Санаи 24 апрел дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бахшида ба 32-умин солгарди «Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил» бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бартарафкунандагони садамаи Чернобил вохӯрӣ доир гардид.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баромади худ аз шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстии бартарафкунандагони садамаи Чернобил ёдовар шуда гуфт: “Натиҷаи ин садама ба 9 миллион аҳолии 18 давлати дунё зарар расонид. Барои бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш, аз ноҳияи мо 10 нафар ҷавонон ширкат варзиданд, ки аз онҳо имрӯз 6 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд».
Турсунмат Исоматов раиси бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳия сухан гуфта, миннатдории худ ва бартарафкунандагони садамаи Чернобилро барои ғамхорӣ ва дастгирӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён намуд.
Дар охир ба бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил туҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи МИҲД-и ноҳия тақдим карда шуд