Имрӯз дар ҷамоати Понғоз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия чорабинии идона баргузор гашт.
Роҳбарияти МИҲД-и ноҳия иштирокдоронро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт ва зикр кард, ки забони тоҷикӣ забони қадима маҳсуб ёфта, он ба гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Яке аз рукнҳои муҳими давлату миллат пеш аз ҳама забони модарӣ ба шумор меравад. Аз ин хотир мо бояд ба забони модарии худ эҳтиром гузорем ва онро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Дар фарҷом хонандагони муассисаҳои таълимии ҷамоати Понғоз барномаи фарҳангиро тақдими ҳозирин гардид.