ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 127 боздид

Имрӯз дар толори МИҲД-и ноҳия Ашт бо иштироки роҳбарият, намояндагони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, сардорони корхонаву муассисаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, аҳли ҷамоатчигии ноҳия Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карданд.

Воқеан, чун солҳои пеш Паёми имсола низ инъикоскунандаи ҳамаи соҳаҳои кишвар, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буда, дар он вазъи имрӯз ва дурнамову нақшаҳои оянда ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар, амалӣ гардидани барномаҳои мухталифи тарҳрезишуда, фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, қудрат, ҷамъиятӣ ва ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд. Кулли соҳаҳо таҳлил шудаву нақшаҳои минбаъда бозгӯ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари корхонаву муассисаҳо низ ҷараён гирифт.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.