“Тангно”: Армони дили ҳазорон кӯдакони тоҷик

 1 644 боздид

— Дар филмҳо нақш офаридан нигоҳи кӯдаконаи маро ба зиндагии воқеӣ ва мушкилоти рӯзгори мардум ошно месозад. Нақши Армон дар филм хислатҳои марди асилро дошт. Агар дар коре муваффақ намешуд аз он даст намекашид ва бо мушкилот мубориза мебурд то дар назди дигарон исбот созад, ки ӯ марди асил аст. Гарчанде ӯ кӯдак аст баробари калонсолон ба зиндагӣ назар мекунад ва аз паи хатнасураш мегардад, то маблағе пайдо намояд ва аз танаву маломати мардуми деҳа дур шавад. Ҷасорати Армон буд, ки  вай дар зиндагӣ ба мақсадаш расид. Мушкилоте, ки дар филм Армон нишон дод шояд мушкили ҳазорон ҳамсолони воқеии ӯ буд,-мегӯяд қаҳрамони асосии филми “Тангно” Муҳаммадшариф Раҳматуллоев.

Муҳаммадшариф Раҳматуллоев (Армон) ва модари ӯ рӯзноманигор ва шоираи шинохтаи тоҷик Сурайё Ҳакимова (Розия) дар филми “Тангно” нақши асосиро бозидаанд. Сурайё Ҳакимова мегӯяд бори аввал аст, ки дар филм нақш меофарад ин ҳам бошад бо ҷигарбандаш-Муҳаммадшариф. Нақши Армон дар филм инъикосгари ҷасорати кӯдакони тоҷик аст, ки бо вуҷуди бепадарӣ ва хурдсолӣ бори вазнини зиндагиро бар дӯш гирифта, талош мекунанд то дар зиндагӣ муваффақ шаванд.

Таи чанд рӯз мешавад, ки филми “Тангно” тамошобинонро ба толори Кохи Рӯдакӣ меорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардум ташнаи филмҳои тоҷикӣ ҳастанд. Онҳо баробари қаҳрамони филм гоҳ ашк мерезанд гоҳ механданд ва гоҳо садои баланди кафкӯбии тамошобин толорро фаро мегирад ва ба ҳунари як кӯдаки тоҷик аҳсан мегӯянд.

Баъд аз баргузории нахустнамоиши ин филм, ки аз пайомади нохуби муҳоҷирати меҳнатӣ ва рӯзгори пурмушкилоти як зани деҳотӣ бо кӯдакаш қисса мекунад корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан соҳибназарон, олимон ва рӯзноманигорон назарҳои худро доир ба филм баён доштанд.

Муҳаққиқ Субҳони Аъзамзод мегӯяд, ки бархе аз ҷусторҳо ва андешаҳои хоси қаҳрамонони «Тангно» ва «Паймон» ба ҳам шабоҳат доштанд, ҳарчанд байни ин мавзӯъ ва он мавзӯъ, байни жанрҳои онҳо, масъалагузориҳо тафовут дошт. Дар «Паймон» мард поймардӣ мекунад ва ба зиндагии беҳини шаҳриёна иродат меварзад. Дар «Тангно» чунин бор бар дӯши зан аст, зан поймардӣ бар пеш бурдани зиндагии деҳотиёна дорад. Ин зан дар роҳи ин иродат аз андешаҳои зиндагисози хеш ва гоҳо аз энергияи каммонанди писараш зӯр ва қувват мегирад. Дар «Тангно» асрори зиндагии соддаи деҳотӣ равшан ва гӯё тасвир шудааст.

Шарифҷон Тоҷибоев дар фаҳифаи иҷтимоии фейсбукияш менависад: “Дирӯз ба нахустнамоиши филми «Тангно»-и «Суғдсинамо» ҳузур ёфтем. Он рӯз ид буд, иди филми миллӣ, ҷашни боварӣ, рӯзи умед ва айёми муҳаббат. Воқеъан, мавзӯи филм доғи рӯз, гӯшае аз зиндагии мардум аст, мардуми кӯҳистони тоҷик. Мусиқии миллӣ, расму оини мардумӣ, либоси миллӣ, манзараҳои зебо ба филм рангу тобиши дигар мебахшид. Сарнавишту такопӯи қаҳрамони марказии филм Армон тамошобинро бетараф намегузошт. Толор гоҳе аз ғалабаю пешрафти Армон қарсак мезад ва гоҳе ҳамроҳи Розияву Армон ашк мерехт ва гоҳе дигар ба Даллол нафрин мехонд. Ҷое аз Мардон меранҷид, ки паймони муҳаббат шикаставу дили кӯдакро озурда, Армонро ба қабзаи азобу ранҷ супурд.
Армон аз азоби зиндагӣ аз синну солаш бузургтар аст, андешааш низ солортар ва диду муҳокимааш аз дигар бачаҳо имтиёз дорад. Ӯ бо вуҷуди сағирии син ҳамаро дарк мекунад, гоҳо панд медиҳад, сахт оташин мешавад. Армонҳоро мо ҳар рӯз дар бозорҳо мебинем, Розияҳо дар ҳама деҳоту шаҳри мо зиндагӣ мекунанд ва Даллолҳо ҳамчунин…
Поёни филм хеле хушбинона аст. Оилае ба ҳам меояд, аз тангно мебароянд, ба ояндаи нек умед мебанданд, Армон ба дабистон меравад, дониш меомӯзад, яъне дар уфуқ рӯшание медамад”.

Филми “Тангно” маҳсули кори чанд тан ҷавонони ҷадидназари Киностудияи “Суғдсинамо” мебошад, ки аз рӯи асари “Тангнои гетӣ”-и нависандаи тоҷик Сорбон дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ба навор гирифта шудааст. Филм бо маблағи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ ва дар муддати 96- рӯз сабт гардидааст. Филми ҳунарии “Тангно”-ро коргардони “Суғдсинамо” ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар филм нақши омӯзгорро ҳунарманди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Акмал Турсунов офаридааст.

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов соли 2015 бо ташаббуси як гурӯҳ ҷавонони эҷодкор ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис ёфт. То ин дам киностудия филмҳои “Паймон”, “Коса”, “Духтари Сайҳун” ва “12 соли интизорӣ”-ро пешкаши бинанда намуд. Баъд аз намоиши филмҳои киностудия тамошобинон андешаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён дошта, бархе ба ҳунар ва истеъдоди кормандони “Суғдсинамо” баҳои баландро сазовор донистанд. Гурӯҳи дигар байни ҳам аз ҷой доштани камбудӣ дар филмҳо баҳс намуданд. Филми кӯтоҳҳаҷми “Коса” моҳи сентябри соли 2016 дар 12-умин Фестивали байналмилалии филмҳои мусулмонӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия иштирок намуда, барои иштирок дар фестивалҳои байналмилалӣ, хусусан Фестивали байналмилалии ОСА IF 2016 (Open Central Asia) се роҳхат ба даст оварда буд ва дар он ширкат варзид. Филми “Коса” 25 дақиқа буда, он ба мавзӯи муҳим — оилаву оиладорӣ бахшида шудааст. Сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия гардида, муаллифи он Бахтиёр Каримов мебошад. Нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохта Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро кардаанд.

                          Саодат ИСМОИЛӢ  

Сайидо ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.