Тантанаи ҷашни Наврӯзӣ

 361 боздид

Санаи 24 — уми марти 2021 дар ширкати сохтмонии «Рахшона» бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия тантанаи иди Наврӯзи байналмиллал баргузор гардид. Дар атрофи мизи Наврӯзӣ Раиси ноҳия собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Ашт, Ифтихор ва кормандони ширкати номбурдаро бо Наврӯзи байналмиллал табрик намуда, оид ба вусъат бахшидан ба оғози корҳои саҳроӣ, тоза намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли моҳӣ дар соли 2021 ва дурнамо барои солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар чорабинӣ аз тарафи хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Ошоба барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.