Дар пайравӣ ба хислатҳои наҷиби инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати иҷрои муроҷиати шаҳрвандон имрӯз, санаи 6 апрели соли равон, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 3 нафар нафақахӯрон ва маъюбони Ҷамоати шаҳраки Шайдон аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.
Пиронсолон дар навбати худ миннатдории самими худро ба Пешвои муаззами миллат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо ва хабаргирии доимӣ аз ҳолу аҳволашон расониданд.