Имрӯз, 18-уми июл аз тарафи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба Муассисаи таълимии навтаъсиси №15-и деҳаи Пискокати ҷамоати деҳоти Ашт мизу курсӣ ва дигар лавозимоти дарсӣ тақдим карда шуд.
Туҳфаи раиси вилоятро дар арафаи соли хониши нави таҳсил сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим ба ноҳияи Ашт оварда, аз муассисаи мазкур дидан намуд.
Раиси вилоят бо маблағи 22 ҳазор сомонӣ, 60 адад курсӣ, 90 адад миз ва дигар таҷҳизотҳои замонвиро барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон ба муассисаи мазкур эҳдо намуд.
Хотирасон менамоем, ки Муассисаи таълимии №15 бо дастгирии раиси вилоят соли 2016 бунёд гардад буд.