Бо иштироки раиси ноҳияи Ашт ва муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода, мудири Бахши кор бо занон ва оила Обода Каримӣ ва мудири САҲШ-и ноҳия Назира Раҳимова дар чойхонаи миллӣ Рӯзи байналмиллалии оила таҷлил карда шуд.
Нахуст, раиси ноҳия сухан гуфт ва иштирокдоронро ба Рӯзи оила таҳният намуд.
Зимни таҷлили Рӯзи оила дар ноҳия ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳи шаҳрвандӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба як оилаи ҷавон шаҳодатномаи таваллуди кӯдак тақдим гардид.
Дар охир намоиши барномаи фарҳангӣ доир гардида, дар он саҳнаҳо аз рӯзгори имрӯзаи мардум пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Сайидои ШОДӢ