Имрӯз ба 14 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ашт кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ сардори Раёсати молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Шарифзода Ҳакимҷон муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ва Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тақдим намуд. Тӯҳфаи идонаи Президенти кишвар дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ ва кӯмакпулии раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим гардид. Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ашт имрӯз 15 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.