ТАРБИЯИ НАСЛИ КОМИЛ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

 835 боздид

Баъди нисфирӯзии санаи 28 декабр дар МТМУ №13-и ҷ.д.Понғоз вохӯрии Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо омӯзгорону волидон, наврасону ҷавонони ҷамоат баргузор шуд.

Мақсад аз вохӯриро сарвари ноҳия суҳбати озод, пешниҳоди таклифу андешаҳо ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар соҳаи мактабу маориф, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллии насли наврас бозгӯ намуд.

Дар баромади  худ роҳбари ноҳия аввалан барои саҳми назарраси сокинону соҳибкорони босахои ҷамоат ҷиҳати бунёд намудани як қатор иншоотҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Чанд нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар самти ҷалби наврасону хонандагон ба таҳсил ва мутолиаи китоб, таваҷҷуҳи беш зоҳир намудан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, таъмин намудани баъзе муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибкасб, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо компютеру пайвастшавӣ ба Интернет дар баромади Раиси ноҳия изҳор гардиданд.

Қайд карда шуд, тибқи маълумоти САҲШ-и ноҳия ва таҳлилҳо сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ ин якдигарнофаҳмӣ, бефарзандӣ, майзадагӣ, моҷароҳои оилавӣ, хиёнат ба ҳамсар, рост наомадани хислатҳо мебошад. Раиси ноҳия таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон, фарҳанги арӯсдорӣ (аз ҳад зиёд сахтгирӣ накардани хушдоман ба наварӯс, бохабар будан аз ҷаҳони фарзанд, тафтиши телефонҳои мобилии наврасон, огоҳ будан аз вазъи фарзандону пайвандони муҳоҷир равона намуда, гуфт, ки дар ин самт бетараф будан нашояд. Бетарафӣ боиси рӯйи кор омадани ҳодисаҳои нохуш, чун гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мешавад. Бетарафӣ теша ба решаи насли наврас мезанад. Раиси ноҳия бо овардани  натиҷаи таҳлил ва мисолҳо аз ҳаёти наврасон камтаваҷҷуҳии волидон, омӯзгорон ва атрофиёнро бозгӯ кард.

Масъалаи дигари доғи рӯз дар ҷамоати деҳоти Понғоз саркашӣ аз хизмати ҳарбист. Соли 2019 ҳамагӣ 30 нафар ҷавонони ин ҷамоат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд, ки ин рақамҳо нигаронкунандаанд ва аз ҳолати ногувори сафарбаркунии ҷавонон дарак медиҳад.

Волидонро зарур аст, ба рақамҳо ҷиҳати дар кофтукови ҷиноятӣ қарор гирифтани шаҳрвандони ноҳия (аз ноҳия—84 нафар ва аз ҷ.д. Понғоз—16 нафар) таваҷҷуҳ кунанд. Баҳри баргардонидани 10 нафар шомилшудагон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва 2 нафар собиқ донишҷӯёни дар таълимоти ғайриқонунӣ қарордошта, бо амалу рафтор ва ҳамкориашон мусоидат намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси ноҳия аз маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода—интихоботи вакилони маҷлисҳои намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ (1 марти соли 2020) ёдовар шуда, эътимоди худро ҷиҳати ширкати фаъолонаи аҳли ҷамоатчигӣ иброз дошт.

Чанд нафар ба музокира баромада, андешаҳои худро иброз доштанд. Аз ҷумла, омӯзгори ҷавони МТМУ №13 Моҳрӯи Қурбон фикру пешниҳодашро баҳри амалӣ намудани нуктаҳои баромади сарвари ноҳия бозгӯ намуд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.