Тарғиби хонандагон ба мактабҳои олӣ

 1 695 боздид

Имрӯз, 20 декабр  дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов масъулини донишгоҳҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт мулоқот намуданд.

Масъулини донишгоҳҳоро роҳбарияти ноҳия ба ноҳияи Ашт хайрамақдам гуфта иброз дошт, ки сол то сол сафи донишҷӯён аз ноҳияи Ашт афзуда истодааст. Дар баробари ин баъди хатми мактаби миёна хонандагони мо таҳсилашонро дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷ низ ба роҳ мондаанд, ки ин барои пешрафти илм ва табаддули таҷриба мусоидат мекунад.

Масъулин хонандагонро бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳо шинос карда, онҳоро барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ даъват намуданд.

Хонандагон ба ректорон ва муовинони ректорони донишгоҳҳои олии вилоят саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир баҳри болидахотирии аҳли толор барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.