Субҳи рӯзи 29 июли соли 2020 Раиси ноҳия муҳтарам Мирдадо Зариф дар даромадгоҳи ноҳия як гурӯҳ меҳмонон бо иштироки директори Агентии содироти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Бобозода, муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Рустам Каримзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд муҳтарам Хайрулло Бобозода ва меҳмонони хориҷӣ аз ширкати “GIOS”-и Кореяи Ҷанубӣ Синг Ванг Парг- директори генералии “GIOS”, Ёнг Хи Пак-ҷонишини директори “GIOS”, Ки Сунг Ли – координатори лоиҳа, Ин Санг Ҷонг оид ба содироти логистикӣ ба ноҳия ташриф оварданд, пешвоз гирифта, дар якҷоягӣ аз маҳсулоти хушку тари ҶСК “Зардолу — К” ки роҳбариашро Ашӯров Пӯлод ба зимма дорад дидан намуданд.
Мақсади ташрифи гурӯҳи меҳмонон диданнамоӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ алалхусус, меваи хушки зардолу, маълумнамоии аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он ва содироти намудҳои меваи хушк ба Кореяи Ҷанубӣ барои таъиноти ҳарбӣ иборат буданд.
Зимни ташриф ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ роҳу усулҳои банду баст ва хушк кардани меваҷот нишон дода шуда, ҳамзамон намудҳои гуногуни меваҷот ба марази тамошо гузошта шуд. Меҳмонон аз меҳмоннавозӣ ва намоиши меваҷот рӯҳбаланд шуда, ба кори хоҷагии деҳқонии баҳои баланд доданд.