ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ БА НОҲИЯИ АШТ

 532 боздид

Бо ҳадафи аёдат намудани ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҳоло дар ноҳияи Ашт давраи пирӣ меронанд, намояндагон аз Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Никальаевич Вараламов ва Масан Роман Павлович ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт роҳбаладӣ намуданд. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, д.Саро) ва Абдуқодир Холматовро (02.05.1925, д.Бободархон) хабар гирифтанд ва аз заҳматҳо қаҳрамониҳои онҳо ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки дар майдони ҳарбу зарб ҷонисорашон боис гардид, ки ғалабаи бузург ба даст омад. Зимни суханрони Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода низ таъкид намуд, ки заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои шоёни онҳоро дар ҷодаи ба даст овардани ғалаба давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Дар фарҷом Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуо бардоштанд.

Баъдан намояндагони Консули генералӣ Андрей Никальаевич Вараламов ва Масан Роман Павлович ба МТМУ рақами 2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Мактаби хусусии “Нури Раҳмон”-и Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда ба хонандагону омӯзгорон суҳбати хоса анҷом доданд. Баъдан аз ҷониби меҳмонон ба муҳассилин барои сайқал додани хирадашон адабиётҳои бадеӣ тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.