Таъсиси ҷоизаи бахши фарҳанг

 235 боздид

28-уми июли соли ҷорӣ  бо иштироки роҳбарияти ноҳия дар маҷлисгоҳи ҲХДТ бо аҳли фарҳанги ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Роҳбарияти ноҳия зимни баромадаш иброз дошт: “Барномаҳое, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва санаҳои таърихӣ аз тарафи бахши фарҳанг ба тамошобинон пешниҳод карда мешавад, якранг аст. Имрӯз барномаҳоеро пешкаши тамошобинон намудан лозим аст, ки бо тарзи нав, диданӣ ва ҷолиби диққат бошад.

Бояд соҳибкорону саховатпешагонро барои барқарор намудани хонаҳои маданият дар ҷамоатҳо ҷалб намоем. Дар назди бахши фарҳанг гуруҳи кории таҳлилгарон, гуруҳҳои рақсӣ, китобхона таъсис додан лозим аст”.

Инчунин зимни баромад раиси ноҳия пешниҳод намуд, то дар назди бахши фарҳанги ноҳия Ҷоизаи бахши фарҳанг ташкил карда шавад.

Сипас як қатор ҳунармандони бахши фарҳанг, ки дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ хуб ширкат намудаанд, бо сипосномаҳои Раёсати фарҳанги вилоят ва бахши фарҳанги ноҳия  сарфароз гардида, 8 нафар собиқадорони бахши фарҳанг бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ба нафақа гуселонида шуданд.

Дар идома роҳбари ҲХДТ- дар ноҳия Зиёӣ Баҳриддин сухан гуфт ва аз таъсиси Шӯрои ҲХДТ- дар назди бахши фарҳанг иттилоъ дода, баъдан ба 14 нафар аҳли фарҳанг шаҳодатномаи ҲХДТ-ро  тақдим намуд.

     

Мудири бахши фарҳанги ноҳия Рустам Одизода андешаҳои худро баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, пешбурди соҳаи фарҳанг иброз доштанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *