Таъсиси маҳфили “Фардои дурахшон” дар Шодоба

 892 боздид

Чанде пеш вохӯрии мудири Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо занону духтарон ва ҷавонони ҷамоати деҳоти Шодоба баргузор шуд.

Нахуст дар вохӯрӣ Обода Ашурова мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия оид ба пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, тарғиби арзишҳои оила ва оиладорӣ, оқибатҳои бади никоҳи хешутаборӣ ва ҷалби занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ  суханронӣ намуд.

Дар ҷамоати деҳоти Шодоба байни бонувон гурӯҳи доимамалкунандаи “Фардои дурахшон” таъсис дода шуд, ки роҳбарии гурӯҳро Дадобоева Гулоро ба зимма дорад. Мақсад аз ташкили ин гурӯҳ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, маърифати оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ байни бонувон арзёбӣ мешавад.

Дар назар аст, ки  чунин маҳфил дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ таъсис дода шавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.