Таъсиси маҳфили «Хушдоманҳо» дар Понғоз

 762 боздид

Бо фаъол занҳои ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия вохӯрӣ доир гардида, дар ин ҷамоат маҳфили “Хушодоманҳо” таъсис дода шуд.

Обода Ашӯрова мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия мегӯяд ба маҳфили “Хушдоманҳо” 9 нафар занҳои соҳибтаҷриба ва омӯзгорон ҷалб карда шуданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ба оилаҳои ҷавон маслиҳат ва машварат додан, пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавондухтарон, кам кардани бекоршавии ақди никоҳ ва пешгирии  вайроншавии оилаҳо мебошад.

Дар натиҷаи таъсиси ин маҳфил масъалаи ду оилаи ноустувори ҷамоат баррсаӣ гардида, пеши роҳи вайроншавии ин оилаҳо гирифта шуд.

Маҳфили мазкур моҳе ду маротиба гузаронида шуда, дар назар аст чунин маҳфил дар ҷамоатҳои дигари ноҳия таъсис дода шавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.