ТАВАҶҶУҲРО БОЯД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС РАВОНА КАРД, НА ЗАХИРАИ ОРД!

 731 боздид

Пӯшида нест, ки имрӯз на танҳо дар ноҳия, балки дар саросари кишвар мардумро воҳимаи захираи орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал пахш кардааст. Назди ҳама мағозаҳои маҳсулотфурӯшӣ, бахусус ордфурӯшӣ пур аз одам аст. Аммо нафаре дар бораи пешгирии бемории паҳнгаштаи коронавирус андеша намекунад. Дар ҳоле, ки то ин замон дар ҷумҳурӣ ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бояд дарк намуд, ки аввалан таваҷҷуҳро ба пешгирии ин беморӣ равона кард, на захираи орд. Бояд дар хотир дошт ва донист, ки масъалаҳои таъмини бозори истеъмолӣ дар бозорҳои кишвар ва таъмини нархи дастраси он ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояту ноҳияҳо қарор дорад. Тибқи омори расмӣ маҳсулоти ниёзи аввал (орду равған, гӯшт, тухм, шакар, сабзавот ва ғ) дар сатҳи зарурӣ захира карда шудааст. Ин бозгӯи он аст, ки сокинон метавонанд ҳамарӯза маҳсулоти ниёзашонро бо нархҳои муқаррарӣ дастрас намоянд.

Имрӯз дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ашт бо ширкати сардорони корхонаву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, масъулони бозорҳои ноҳия, як қатор имом-хатибон ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории коронавирус доир гардид.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо қайд намуд, бо дастуру супориши Раиси вилоят санаи 3 марти соли равон дар ноҳия Ситоди ноҳиявии доимоамалкунандаи МИҲД-и ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ин радиф аҳамияти беш зоҳир намудан ба вазъи гузаргоҳҳо ва таъсиси нуқтаҳои тиббӣ дар ин мавзеъҳо, назорати воридоти маҳсулот, муваққатан қатъ намудани намозхонӣ дар масҷидҳои ҷомеъ, назорати қатъии нарх дар мағозаву бозорҳо ва нархи доруворӣ дар дорухонаҳо бозгӯ карда шуд.

Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ гуфт, бояд дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, интернатҳои наздимактабӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шаванд, ташкили нақтаҳои дастшӯӣ, бо маҳлули хлор безарар намудани муассисаву корхонаҳо муҳим аст.

Раиси ноҳия ба як қатор масъулини соҳаҳо ҷиҳати танзими нарху наво дар ҳама нуқтаҳои орду озуқафурӯшӣ, доруфурӯшӣ супоришҳо дод. Қайд карда шуд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати  пешгирии овозаҳои бардурӯғ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку ноҳия фаъолият барад.

Аз ҳама таассуфовараш он аст, ки имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо  гурӯҳи одамон паёму суханҳои гуногун расонаӣ карда истодаанд, ки ин боиси ба воҳима афтодани мардум мегардад. Овозаҳо ҷиҳати бо нархи баланд фурӯхта шудани орду дигар маводи хӯрока асоси воқеӣ надорад. Ҳамин ҳолат дар аксари минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Ашт, имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чанд маротиб паҳн шуд, ки ҳама овозаҳо беасосанд. Бояд гуфт, худи мардум бо воҳимаву нофаҳмиҳо аксаран боиси боло рафтани нархҳо мегарданд.

Бояд зикр намуд, дар маркази ноҳияи Ашт айни замон 6 нуқтаҳои калони ордфурӯшӣ амал мекунанд (ба ҷуз нуқтаҳои кӯчак). Тибқи маълумоти раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт Нодир Нурматов аллакай пагоҳ ба нуқтаҳои ордфурӯшии маркази ноҳия наздики 35 тонна орд интиқол меёбад. Ба нуқтаҳои ордфурӯшии дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ интиқоли бемаҳдуди орд дар назар аст.

Пас, ба ҷойи воҳимаҳои беасосу харидҳои зиёд мебояд аввалан сатҳи маърифати тиббиро ҷиҳати пешгирии ин беморӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ боло бардошт.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.