Театр оинаи зиндагӣ

 64 боздид

Дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия, бахиша ба Рӯзи театр бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов вохӯрӣ доир гардид.

Аниса Ҷалилӣ зимни баромади худ иброз дошт: “Театр маънояш тамошо-тамошогоҳ мебошад, ки фаъолияти он офаридан ва ба тамошобинон ба тарзи зинда пешниҳод ва иҷро кардани намоишномаҳо оид ба ҳаёти воқеъии ҷомеа ба шумор меравад. Таърихи пайдоиши театр хеле қадима буда, ҳанӯз дар садаи 5 то мелод дар Юнони қадим мавқеи худро пайдо намуда буд ва дар он камбудиву норасогиҳо, кашмакашу муборизаҳои сиёсӣ аз ҳаёти ҷамъиятӣ пешниҳод мегардиданд”.

Дар идомаи баромад афзӯд: “Сокинони ноҳияи мо хушбахт ва хурсанд аз онанд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Қасри фарҳанг- Театри мусиқӣ драмавии ба номи М.Воҳидов дар ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шуд. Ба мо фахри бузург аст, ки ба театри мо номи ҳамдиёри мо яке аз асосгузорони театр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисти халқии Тоҷикистон шодравон Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шудааст”.

Баъдан табрикоти раиси ноҳияро бахшида ба Рӯзи театр ба самъи ҳозирин расонид. 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *