Тими «Ашт»  дастаи «Пахтакор»-ро бо ҳисоби 5 бар 1 шикаст дод

 441 боздид

Дастаи «Ашт»-и ноҳияи Ашт дар доиари баргузории чемпионати вилоятӣ оид ба футбол дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷ. Расуловро бар ҳисоби 5:1 шикаст дод ва дар ҷадвали мусобиқа бо 22 имтиёз дар ҷои сеюм  қарор гирифт.

Бозии ин ду даста рӯзи 21 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт сурат гирифт.

Хотирасон мекунем, ки марҳилаи дуюми чемпионати вилоятӣ оид ба футбол идома дошта, дар он 11 дастаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд.

Тибқи иттилоъи  Ғайрат Нозимов  дар назар аст, ки санаи 26 сентябр дар шаҳри Хуҷанд дастаи «Ашт»-и ноҳияи Ашт бо дастаи Мактаби варзишии вилоятии №1 сабқат намоянд.                          

                                 Саодат Исмоилӣ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *