Тими футболбозони ноҳия  ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳхат гирифтанд

 954 боздид

Имрӯз, 8 феврали соли ҷорӣ натиҷагирии даври 7-уми бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд баргузор шуд.  Дар ин бора Аҳлиддин Юнусов,  котиби масъули ФФТ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Дар даври 7-уми бозиҳои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд дастаи “Ашт”-и ноҳияи Ашт  тими “Зарбдор”-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 4:3  мағлуб намуда ба даври ниҳоии мусобиқа, ки санаҳои 10-17 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад роҳхат ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа ҳамлагари дастаи “Ашт”-и ноҳия Дилмурод  Донаев пешсафи нишонзанҳо дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони ноҳия санаи 17-уми январ бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:0 мағлуб гардиданд. Дар даври дуюми мусобиқа дастаи ноҳияи Ашт футболбозони «Захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 5:1 шикаст дода, мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1 “Хуҷанд” (ш. Хуҷанд) 7 7 0 0 19-5 21
2 “Ашт” (н. Ашт) 7 5 0 2 16-12 15
3 “Оли Сомон” (н. Мастчоҳ) 7 4 1 2 12-6 13
4 “Эсхата” (ш. Хуҷанд) 7 3 2 2 18-10 11
5 “МВ №1” (ш. Хуҷанд) 7 3 1 3 10-10 10
6 “МТО” (ш. Хуҷанд) 7 2 0 5 6-16 6
7 “Захираҳои олимпӣ” (ш. Истаравшан) 6 0 1 5 3-13 1
8 “Зарбдор” (ш. Исфара) 6 0 1 5 8-20 1

 

Нишонзанҳо:

  1. Донаев Дилмурод (Ашт) – 7 тӯб
  2. Насруллоев Шавкат (Эсхата) – 5 тӯб
  3. Исоев Ҷӯрабой (Эсхата) – 4 тӯб

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.