Дастаи футбообозони ноҳия дар мусобиқаи дарëфти Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд иштирок намуда, бо се имтиëз зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Дар ин бора Аҳлиддин Юнусов, котиби масъули ФФТ дар вилояти Суғд иттилоъ дод. У афзуд варзишгарони ноҳияи Ашт дар варзишгоҳи марказии ноҳия санаи 17-уми январ бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:0 мағлуб гардиданд. Дар даври дуюми мусобиқа тими ноҳияи Ашт футболбозони «Захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 5:1 шикаст дода, мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуданд.
Дар назар аст, ки футболбозони ноҳия бо дастаҳои «Оли сомон»-и ноҳияи Мастчоҳ, «МТО»-и Хуҷанд ва «Эсхата»-и Хуҷанд бозиҳои дӯстона анҷом диҳанд.
Ëдовар мешаваем, ки дастаҳои ғолиб аз санаи 10 то 17 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.