Субҳи имрӯз яке аз сарсупурдатарин донишмандони кишвар, донандаву арҷгузорандаи беҳтарини забони тоҷикӣ, маъруфтарин устод дар риштаи забон, беҳтарин услубшинос, донандаи забони матбуот, инсони шарифу наҷиб, профессор, академики Академияи байналхалқии маълумоти олӣ, Ходими шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ моро тарк намуданд.
Баҳриддин Камолиддинов соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадаанд. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (айни ҳол ДМТ) фаъолияти меҳнатиашон ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур оғоз шудааст. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 бошад, рисолаи докториашонро дифоъ намудаанд. Устод ҳамчунин ба ҳайси муовини декани факултаи филологияи шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумии донишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик, ноиби ректор доир ба таълим, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика фаъолият кардаанд.
Устод яке аз муаллифони китоби “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик” ва муаллифи беш аз 180 мақолаҳои илмиву методӣ, зиёда аз 200 корҳои илмӣ мебошанд, ки дар ганҷинаи маърифат ва афкору андеша беҳтарин мақомро доро ҳастанд. Баҳри пойдории забони тоҷикӣ, халал ворид нашудан ба фонди луғавӣ, истифодаи дурусти ҳар як калимаву доштаҳои забони ноби тоҷикӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш ба харҷ додаанд. Метавон гуфт, бо таҳлилу баррасиҳои илмиашон нагузоштаанд, ки пойдевори забони миллиамон рахна гирад.
Устод то охирин нафас чӣ тавассути навиштаҳову машғулиятҳо ва чӣ ба воситаи оинаи нилгун ҷиҳати тоза нигоҳ доштани забон ва арҷ гузоштан ба ин арзиши миллӣ кӯшиш ба харҷ додаанд. Б.Камолиддиновро ҳамчун беҳтарин донандаи соҳаи синтаксис низ мешинохтанд.
Ҳарчанд устод дигар бо мо нестанд, аммо ёдашон ҳамеша бо мост ва эътимод дорем, шогирдону фарзандон ва насли ояндасози миллат кору пайкори устоди зиндаёдро идома хоҳанд дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт нисбати даргузашти устод Баҳриддин Камолиддинов ба пайвандон, наздикон, аҳли оила, дӯстон ва кулли мардуми ноҳия изҳори ҳамдардиву тасаллият менамояд.
Руҳатон шод ва манзили охирататон обод бошад!