Имрӯз, 24 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз ҷараëни тозакунии лойҳои пойгоҳи обкашии АНС-1 ноҳия дидан намуд.
Зимни боздид аз ҷараëни тозакунии лойҳои ин пойгоҳи обкашӣ Зариф Мирдадо ба масъулин супориш дода гуфт, ки ҳарчӣ барвақт лойҳо тоза карда шаванд.
Тозакунии лойҳои пойгоҳи обкашӣ ҳамасола аз моҳи феврал оғоз мегардид. Имсол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тозакунии ин пойгоҳ аз санаи 20 январ оғоз гардида, дар назар аст, ки обëрии заминҳои ноҳия аз санаи 1 марти соли ҷорӣ ба роҳ монда шавад.
Тибқи иттилоъи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обëрии н.Ашт Воҳидов Иброҳим бо сабаби омадани сел ва лой аз дарëи Сир дар ин пойгоҳ дар соли 2016 8 ҳазор метри кубӣ лой ҷамъ шудааст.
Соли 2016 дар ҳудуди ноҳия ба истифодабарандагони об бо харҷи 2850 ҳазор сомонӣ 172 миллион куб об хизматрасонӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2015 10 миллион куб зиëд мебошад.