Варзиш асоси зиндагии солиму шоиста

 1 896 боздид

Имрӯз дар толори театри мусиқӣ-драммавии ба номи М.Воҳидов бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо варзишгарони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар баромади худ Раиси ноҳия варзишро асоси зиндагии солиму шоиста арзёбӣ намуда, гуфт, ки варзишгарон парчамбардорону муаррифкунандагони миллатанд. Варзиш қосиди сулҳу амонӣ, воситаи беҳтарини пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва саломатии бардавоми насли ояндасози меҳан аст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз раванди номатлуби гароидани як зумра ҷавонони гумроҳ ба ҳизбҳои номатлуб, таҳсили ғайриқонунии онҳо дар хориҷи кишвар ва ширкат дар муҳорибаҳои давлатҳои хориҷ изҳори нигаронӣ намуд ва роҳи бозгашт аз ин ҳодисаҳои номатлубро дар рушди раванди бемайлони варзиш бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон арзёбӣ намуд.

Баъдан як қатор мураббиёну варзишгарон аз бунёди майдончаву марказҳои варзишӣ сухан гуфта, аз роҳбарияти ноҳия хоҳиш намуданд, ки  барои амалӣ намудани ин иқдомҳои шоиста мусоидат намояд. Ин пешниҳоду таклифҳои сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Ифтихор, Пунук, Понғоз аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хуш пазируфта шуд. Ӯ изҳор дошт, ки ин тасмими онҳоро ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.

Аз Ҷониби соҳибкор Эраҷ Қурбонов таклиф карда шуд, ки дар толори варзишиаш хоҳишмандон аз оилаҳои камбизоат метавонанд ройгон тамрин намоянд.

Як қатор мураббиёни комёб, доварон, соҳибкороне, ки дар бунёди иншоотҳои варзишӣ саҳм гузоштаанд, варзишгароне, ки дар мусобиқоти бонуфуз соҳиби дастовардҳо гаштаанд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои МИҲД-и ноҳия сарфароз гаштанд. Ҳамчунин ба ғолибони мусобиқаи футбол барои Ҷоми Раиси ноҳия: дастаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Ифтихор ки мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ба даст оварданд, Сипосномаву тӯҳфаи Раиси ноҳия супорида шуд. Ҷоми Раиси ноҳия насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон гашт.

Мавриди зикр аст, ки дар соли сипаришуда варзишгарони ноҳияи Ашт ба дастовардҳои беҳтарин ноил шуданд ва ба хазинаи ноҳия 188 адад медали тилло, 111 адад медали нуқра 219-то биринҷӣ ворид намуда, бори дигар собит намуданд, ки фарзандони арзандаи гузаштагони хеш ҳастанд. Дар ноҳия то ин замон се мактаби варзишӣ, 152 иншоотҳои варзишӣ арзи вуҷуд доштанд, ки 1097 нафар варзишгаронро ба ҳам овардааст ва соли равон боз ду мактаби дигар рӯйи кор омад.

Дар анҷом барои болидагии хотири ширкаткунандагон барномаи фарҳангӣ аз тарафи фарҳангчиёни ноҳия пешниҳод карда шуд, ки басо мақбули ҳозирин гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.