ВАТАНРО АЗ ДИЛУ ҶОН ПОСБОН БОШ!

 64 боздид

Аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия З.Мамадҷонов иштирокчии ҶБВ аз деҳаи Бободархони ҷ.д. Понғоз Абдуқодир Холматов аёдат карда шуд.

Бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 95-солагии ин марди шуҷо Раиси ноҳия Зодрӯзномаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба соҳибҷашн супорид.

Дар Зодрӯзнома аз ҷумла омадааст: “Мо ифтихор аз он дорем, ки қаҳрамонӣ, шуҷоату далерии Шумо дар майдони набардҳо намунаи олии ибрати ватандӯстӣ, хизмат кардан ба халқу Ватан ва сабақи беҳтарини диловариву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад”.

Абдуқодир Холматов аз роҳи ҷангиаш ёдовар шуд. Гуфт, 12 сентябри соли 1943 ба майдони набард рафтаву 27 июли соли 1945 ба зодгоҳ баргаштааст. Чанд маротиб мувоҷеҳи таркиши минаву снаряд, тиру туфанги душман гаштанаш, дар майдони ҷанг аз чанд ҷояш: дасту пою баногӯш ҷароҳат бардоштанашро нақл кард. Ӯ ҳатто ба ҳайси минаҷӯ (сапёр) низ кор кардаву бо амри тақдир аз уҳдаи ин рисолати мушкил низ баромадааст.

Баъди ба зодгоҳ баргаштан дар МТМУ №7 ба номи С.Айнӣ чун муаллим наздики 40 сол фаъолият кардааст. 17 марти соли 1961 ӯро раиси ҷамоати деҳоти Понғоз таъин намуданд, ки дар ин вазифаи пурмасъулият 7 сол барои мардуми худ хизмат намуд.

Шеърҳояш дар васфи Ватан, садоқат ба меҳан, гусели фарзанд ба ҷанг, хизматҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сулҳофариву сулҳоварӣ ва ободиву тинҷии Тоҷикистон, Истиқлолият бисёр ҷолибу самимӣ буданд. Бахусус шеъре бо мисраҳои “Ватанро аз дилу ҷон посбон бош!”-ро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ  қироат кард. Ин ҷо бори дигар эътимод ҳосил намудам, ки Ғалаба дар ҶБВ барои халқи шӯравӣ бо эҳсоси меҳандӯстиву садоқат ба он, ҷавонмардӣ, доштани ғурури мардӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст.

—Омадани шумо барои дидорбинии ман гувоҳи тинҷиву осудагии диёр аст,—даст ба дуо бардошт бобои Абдуқодир. –Орзу мекунем, Тоҷикистони азиз ҳамеша орому сарсабз бошад, Пешвои муаззами меҳан саломату дар амон, мардуми кишвар сарбаланду хушрӯзгор ва дастурхони ҳар нафар пур аз нозу неъмат бошаду Худованд аз чашми бадбинон нигоҳ дорад!

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.