ВАЗЪИ ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

 73 боздид

Гурӯҳи кории комиссияи интихоботии ноҳия Ашт  ҷиҳати огаҳӣ ёфтан аз вазъи омодагиҳо ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии дар пешистода ба ҷамоати деҳоти Понғоз ташриф оварданд.

Гурӯҳи корӣ бо ҳамроҳии раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода аз вазъи 9 участкаҳои интихоботӣ: рақамҳои 7 (раиси участкаи интихоботӣ-А.Мирзоматов), 8 (С.Қурбонов), 9 (С.Қобилов), 10 (И.Машарипов), 11 (А.Турсунов), 12 (Ҳ.Абулқосимов), 13 (З.Нуриддинов), 14 (Р.Атоқулов) ва 15 (З.Худойбердиев), ки дар деҳаҳои Саро, Хиштхона, Бободархон ва маркази ҷамоат ҷой гирифтаанд, дидан намуд.

Дар самти боз ҳам обод намудани маконҳои баргузории интихобот, ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои мухталиф, аҳамияти бештар зоҳир намудан ба намуди эстетикии участкаҳои интихоботӣ, пурра намудани миқдори маводҳои вобаста ба роҳнамоӣ ҷиҳати ширкат дар интихобот, насби шиорҳо марбут ба интихобот ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, дар ҷамоати деҳоти Понғоз 7 ҳавзаҳои интихоботӣ мавҷуданд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.