ВОЙИ ШИРИ САФЕДИ МОДАРУ ДОМОНИ ПОКИ ВАТАН!

 590 боздид

Лаънати халқ бод бар он кас,

Ки зи дунҳимматию беорӣ.

Хӯрда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ.

Ин байтҳоро метавон дар ҳаққи чунин фарзандон, чун Шавкати Муҳаммад (Шавкат Шарипов) гуфт. Фарзанде, ки пайвандонашро гирифтори чунин ҳоли табоҳ карда, писаре, ки то имрӯз модари муштипараш чашминтизор асту бо он ҳама кирдорҳош дар ҳаққаш дуо мекунад. Войи чунин писаре, ки дар пирӣ такягоҳ не, боиси оҳ ва ҳоли табоҳи модар гаштааст. Войи чунин бародаре, ки имрӯз хоҳаронаш дар ҳама маъракаву чорабиниҳо аз гапу гапчапу таънаву нигоҳҳои мардум сурх мешаванду дар танҳоӣ гиря мекунанд. Войи чунин бародаре, ки имрӯз бародаронашро аз ёд бурдааст.

Ватанашро аз дур истода «таҳлил» мекунад, таънаву маломат дорад!

 

Ӯ БАРОДАРИ МАН НЕСТ, АГАР…

Имрӯз номи Шавкати Муҳаммад барои аксар ошно гашт. Агар инсон бо номи неку кори нек вирди забонҳо гашт, хуш ба ҳолаш. Аммо ӯ бо хиёнату дурӯғу дасисабозӣ, берун аз Ватан муқобили Ватан садо баровардан, ҳамфикру ҳампаҳлӯи наҳзатиён гаштанаш хешро ба ҳамдиёронаш шинос кард.

Хостем аз ҳоли модару пайвандонаш огоҳ шавем ва сафар кардем ба деҳаи Хиштхона, зодгоҳаш. Дар суроғи модару хонаи падарии Шавкат бо яке аз хоҳаронаш тасодуфан дар роҳ рӯ ба рӯ шудем. Бо дили садпораву чашмони пуроб сухан гуфт хоҳари дилшикаста (нахост номашро ифшо кунем):

«Шавкатро ҳамроҳи модар худам калон кардам: бо умед, бо як ҷаҳон орзу. Мо бо нони ҳалоли чӯпонӣ ба воя расидем, чӯпондухтарам. Падарам чӯпониву боғбонӣ мекарданд. Коммунист буданд. Боре ба давлат хиёнат накарданду аз рӯзгору зиндагӣ шикоят надоштанд.

Имрӯз аз ин рафтору кирдори бародар мо ба ҳоле расидем, ки тасвирношуданист. Солҳост ӯро надидаему нашунидаем, дар куҷост, дар кадом шаҳри мусофирӣ, бо чӣ кор машғул? Фақат мешунавам, ки муқобили давлату ҳукумати Тоҷикистон баромад мекунад, аз сиёсати имрӯзи кишвар норизост ва боз суханҳои таҳқиромези зиёде. Дар маъракаҳо аз нигоҳу назари баъзе ашхос сурху сафед мешавам. Ба хона меояму ҷойи нишаст намеёбам. Баъзан назди модар забони шиква мекушояму ӯро гунаҳкор мекунам, ки Шавкатро тарбия карда натавонистед…

Ӯ бародари ман нест, агар воқеан муқобили давлату ҳукумат баромада бошад! Ӯ бародари ман нест, агар ба имрӯзи Тоҷикистон шукр нагӯяд, агар қиммату арзиши сулҳу тинҷии диёрамонро нафаҳмад!

Агар ӯ воқеан фарзанди ҳамин обу хоки муқаддас аст, пас биёяд, дар ҳамин ҷо кору зиндагӣ кунад, мактаб бино кунад, кори хайре ба сомон расонад!

 

МОДАРИ ЧАШМИНТИЗОР

Баъди шунидани дарди дили хоҳари дилафгор роҳ гирифтем барои дидорбинии модар. Рӯйи боғи ҳавлӣ пиразане бо наберааш машғули коре буд. Баробари дидани мо хушҳол гардиду ба хона таклиф намуд. Эҳсос кардам, ки бо зинаҳои нимвайронаву мушкилгарди хонааш бо азобе боло шуд. Оре, ба иззати нафси пайвандони ин хонадон расидан намехоҳам. Аммо вақте модар дар чунин хонаи нимвайронаву бешароит ба сар мебарад, писарро чӣ монда, ки дур аз модар бошад? Агар ӯ воқеан фарзанди дилбанди модар аст, бояд биандешад, ки модар офтоби сари кӯҳ аст… Бояд рӯзҳои боқимондаи модар ҳамроҳу ҳамнафаси ӯ бошад, на ғуломи ҳалқабардӯшу зархариди хоҷагони беимони хориҷиаш, на ғуломи орзуву ҳаваси мағшуш!

—Фарзанд барои модар ҷигарбанд аст, фарзанди неку бад намешудааст,—баъди нафасашро рост кардан ба сухан даромад модар.

Нақл кард, ки соле пеш дар Туркия Шавкатро диду ҳамроҳ чанд моҳ зиндагӣ карданд. Вақти бозгашт «шумо рафтан гиред, ман аз қафо меоям» гуфт писараш. Ҳамин буд охирин дидору гуфтор. Баъди он на занге, на паёмаке, на хабаре шунидааст модар.  Аз суханрониву аҳволаш эҳсос кардам, ки саломатиаш хуб нест. Бо азобе ашки сари мижгонамро боздоштам. Дидани ҳоли модар басо ғамовар буд.

Роҳи фарзанд мепояд, чашминтизору дилфигор аст модар ва ба умед, ки рӯзе дидори писари раҳдуриаш насиб мегардад…

Аммо ман гумон намекунам, ки он дилвопасиҳои модар, чашмони чору пуробаш, дуоҳояш, чеҳраи заъфарониаш қалби чунин фарзандро об кунаду чашмонашро боз, чун ӯ дигар фарзанди ин хоку оби муқаддас нест!

 

Шавкати Муҳаммад бошад, пойбанди амалӣ намудани мақсадҳои нопоки наҳзатиён, машғули бозгӯйи камбудиҳои ноҳияву кишвар, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ, яке аз муқобилони амнияти Тоҷикистон… Ҳамин аст, сохтаву парвардаҳои домони нопоки ТТЭ ҲНИ!  Ҳамин аст, як нафар фарзанде, ки на парвои модари пиру муштипар дораду на хаёли зодгоҳаш. Ончунон ба торҳои анкабут печидааст, ки дар назараш чизеву касе наметобад, ҷуз амалӣ намудани андешаҳои хоҷагонаш. Мақсад фақат таҳлилу танқиди камбудиҳои меҳан, аз таги нохун чирк ҷустан ва нодида гирифтани пешравиҳои диёр! Бегумон ин ҳадафҳояш ҳеҷ гоҳ амалӣ намешаванд, аммо войи Модар, войи шири сафеду домони бо меҳру умед парвардааш!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.