Вокуниш ба суханронии М. Кабирӣ дар Варшава

 1 620 боздид

Дар расонаҳои интернетӣ маълум гардид ки рӯзи 12.09.2017 М . Кабирӣ сарвари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъгардида дар Варшава дар ҳошияи анҷумани САҲА нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир намудааст.
Пеш аз ҳама бори дигар ба ҳамагон маълум бод, ки худи Кабирӣ кист?
Ба ақидаи ман, ки то чи андоза нисбати ин фард малумот дорам, ин як фарди Худозада, қатолл, хунхор, моҷароҷуй, фитнаангез, бесавод…, бесаводии ӯ то андозае ки дини худ , ҳамзабони худ, миллати худ, халқи худ Тоҷикистонро ба як ҳолате овард, бо ҳамтабақони худ ба сари мардуми осоиштаю азиаткашида, ки нав аз дарду доғи ҳодисаҳои ташкилкардаи онҳо рахоӣ ёфтаанд тиру туфанг бардошт, чанд нафар оилаҳо бе падар, чанд нафар падару модар бе ҷигарбанд монданд, чанд нафар фарзандон гирён шуданд . Фикр мекунам ва худро тасалли медиҳам, ки кай ақли ин махлуқ медаромада бошад?! То ба кай бозичаи дасти хоҷагони хориҷа шуда ба мардуми худ хиёнат мекунад.
Бояд тассавур намояд, ки ин зиндониҳо шахсоне мебошанд, ки майнаи мағзи сари онҳоро Кабирӣ ва думравони вай заҳролуд кардааст. Пеш аз миқдори ин сарзадаҳоро баён намудан бояд андеша мекарду мегуфт: Онҳо ҳам маслакони ман буданд, онҳо не …, ман бояд дар ҷои онҳо бошам ман бояд зиндонӣ гардам.
Кабирӣ бояд хурсанд шавад, ки давлати Тоҷикистон, нисбати ду келинаш ва наберагонаш ғамхорӣ карда истодааст, ки мабодо онҳо низ зери таънаи бараҳнаи пуштубононии хориҷии Кабирӣ нагарданд. Аҳлу авлодаш хешу табораш, аз бародаронаш сар карда то фарзандону пайвандонаш бояд шукргузорӣ намоянд, ки онҳоро Тоҷикистони азиз сарпаноҳӣ дорад, ягон нафаре зуроварӣ таъна ва барои зиндагии онҳо халал намерасонад .
Агар хешу табор пайвандон ақлашон кофӣ бошад аз чунин шахсият (махлуқ), чун фарди хиёнаткор, душмани миллату давлат рӯй гардонанд.
Тавре таъкид гардидааст дар баргузории нишаст дар толор шумораи иштирокчиён чандон зиёд набудаанд. Таваҷҷуҳи зиёди иштирокдоронро ҷалб карда натавонистааст . Суоле ба миён меояд: Барои чи?
Ҷавоб оддӣ аст.
Барои он ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аксар мардуми Аврупо, Осиё ва дигар давлатҳои сулҳҷӯй бори дигар аз наздик шинохтанд, ки Кабирӣ кист?
Хулоса, як дабдабагӯй ва сафсатагӯйи ватанфӯрӯш.
Аз ин лиҳоз таъкид менамоям, ки Кабирӣ, “худро инсон шуморӣ, кори ҳайвониро иҷро накун!”. Ин қадар ”худадро меҳрубон, ғамхор миллатпараст” нишон мадеҳ ки бо чунин кирдору рафторат Худо назанад!

Як тафсир

Добавить комментарий для Далер Отменить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.