Дастаи ҷамоати Понғоз ғолиби мусобиқа

 796 боздид

1 марти соли ҷорӣ дар толори мактаби варзишии рақами 1-и ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол байни ҷавондухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ва таҷлили Рӯзи модарон баргузор гардид.

Дар мусобиқа аз 9 ҷамоати ноҳия 10 даста иштирок намуданд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни дастаҳо  ҷои аввалро волейболбозони  ҷамоати деҳоти  Понғоз (деҳаи Хиштхона ) ба даст оварданд.

Ҷои дуюми мусобиқа насиби дастаи ҷамоати деҳоти Ошоба ва ҷои сеюм насиби дастаи ҷамоати деҳоти Меҳробод-1 ва Долона гардид.

Мақсад аз ташкили мусобиқа рушди варзиш байни ҷавондухтарон, баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ва оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш дар ноҳия арзёбӣ шуд.

Дар охир Зариф Мирдадо и.в. раиси ноҳия ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

 





 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.