Вохӯрии масъулини ММТ бо хатмкунандагон

 1 248 боздид

1 марти соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрии масъулини Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо падару модарон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.

Дар он Аҳмадзода Мирзоаҳмад, сардори Бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Ҳайдарзода Муяссар, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт иштирок намуданд.

Нахуст,  Ҳайдарзода Муяссар баромад намуда таъкид дошт, ки мақсад аз вохурӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна шинос намудани онҳо бо фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва интихоби дурусти касб мебошад.

Дар идома Аҳмадзода Мирзоаҳмад суханронӣ намуда афзуд: “Имрӯз дар 5 кластери Маркази миллии тестӣ 800 ихтисос ба роҳ монда шудааст, ки довталабон метавонанд аз рӯи завқ ва хоҳиши худ ихтисосро интихоб намоянд. Аз қайд гузаштани довталабон аз 1-уми март оғоз гардида то 15-уми апрели соли равон идома меёбад. Маблағи умумӣ барои довталабон 220 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо имтиёздорон метавонанд 50 дарсади маблағро пардохт намоянд”.

Дар охир байни масъулин ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.