Вохӯрии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия бо фаъолон

 845 боздид

Имрӯз, 10 июли соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Баҳриддин Зиёӣ, собиқадорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ноҳия ва раисони корхонаву ташкилотҳои ноҳия вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Баҳриддин Зиёӣ дар баромади худ зикр дошт, ки барои мубориза бо ин омили номатлуби ҷаҳонӣ бояд бетараф набуд. Барои пешгирии сокинон аз шомил шудан ба ин равияҳо ҳама дастҷамъона талош кунем ва барои суботи кишвар ва минтақа саҳмгузор бошем.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни суханронии худ оид ба пешгирӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ҷанги иттилоотӣ иброз дошт, ки терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд.

Тавре ба мо аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт хабар доданд, мақсад аз ташкили чунин як вохӯрӣ ин  пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба равияҳои ифротӣ ва баргардонидани сокиноне, ки гайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷ қарор доранд буда, мо кӯшиш мекунем то корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинон пурзӯр намоем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.