Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 бо иштироки раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода бо муҳассилини муассисаҳои таълимии ҷамоати шаҳраки Шайдон оид ба тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мулоқот намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зимни баромади хеш оид ба тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” чунин иброз дошт: “Мо ба ғайр аз ин Қонун боз ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ” тағирот ворид намудем, ки дар асоси он донишҷӯёне, ки ба муассисаҳои таълимӣ бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ ба дарс ҳозир мешаванд, бе ҳуқуқи барқароршавӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд”.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”-ро ҷонибдорӣ намуда, чунин иброз дошт: “ Тағиру иловаҳо ба қонуни мазкур саривақтӣ буда, барои зиндагии осоиштаи мардум равона карда шудааст. Ҷомеаи мо имрӯз дигар ба зиёдаравиву исрофкорӣ даст назада, балки барои ободу зебо гардонидаи кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд”.
Дар охири вохӯрӣ хонандагон ва омӯзгорони ҷавон ба суолҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.