Имрӯз дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт вобаста ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ ва сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм,экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1 Файзуллозода Таваккал ва сокинони деҳаи Дӯстӣ иштирок карданд.
Файзуллозода Таваккал зимни вохӯрӣ гуфт, ки барои мубориза бо ин омили номатлуби ҷаҳонӣ бояд бетараф набуд. Барои пешгирии сокинон аз шомил шудан ба ин равияҳо ҳама дастҷамъона талош кунем ва барои суботи кишвар ва минтақа саҳмгузор бошем.