Вохӯрӣ: Барои баргардонидани сокинон аз ҷанг ҳама талош мекунем

 43 боздид

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ, намояндагони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, ходимони дин ва дигар ашхоси расмӣ сурат гирифт.

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Ҳамрозода Алӣ Шодӣ зимни маърӯзаи хеш зикр намуд, ки аз ноҳия чанде аз ҷавонон шомили гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Чунин ҷавонони раҳгумзада аз ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ифтихор, Понғоз ва аз ҷамоати шаҳраки Шайдон ҳастанд, ки боиси нигаронист.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ гирифтани пеши роҳи амалҳои террористиву экстремистӣ, таблиғи ҳаёти шоиста, ба Ватан баргардонидани ҳамватанононе, ки бинобар кӯтоҳандешӣ тарки Ватан намудаву мамолики исломиро ҷойгоҳи хеш интихоб кардаанд, арзёбӣ гардид.

Хотиррасон мекунем, ки дар ноҳияи Ашт барои пешгирии сокинон аз пайвастан ба равияҳои ифротӣ мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд сурат мегиранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *