Имрӯз, 11 апрел дар толори Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо донишҷӯёни ноҳияи Ашт, ки дар донишгоҳҳои олии вилоят таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зариф Мирдадо зимни суханронӣ дар назди ҷавонон изҳор кард, ки зимни ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хоса ба насли ҷавони кишвар соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардид. Таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазеҳу равшан ба назар мерасид.
Зариф Мирдадо ҳамзамон қайд кард, ки сафи донишҷӯён аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳҳои олии кишвар сол то сол меафзояд. Ин боиси хурсандии ҳар яки мову шумо аст, зеро ояндаи дурахшони кишвар низ дар дасти насли ҷавони соҳибмаърифат, донишманд ва ватандӯст мебошад.
Зариф Мирдадо илова намуд, ки пайвастшавии ҷавонони ноҳия ба равияҳои ифротӣ боиси таассуф мебошад. Барои пешгирии ин омили номатлуби ҷаҳонӣ саҳми ҷавонон бояд назаррас бошад.
Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гашт, ки донишҷӯён дархост, пешниҳод ва мушкилоти худро ба раиси ноҳия расониданд.
Чемпиони секаратаи Тоҷикистон, чемпиони яккаратаи Осиё ва ҷаҳон оид ба таэквандо Мадина Султоназарова аз Зариф Мирдадо дархост кард, ки барои сафарҳои варзишияш ба давлатҳои хориҷ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт кӯмак расонида шавад.
Ҷавҳар Ҷуманов донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар баъзе рӯзҳо бо сабаби набудани хатсайри Хуҷанд-Понғоз баъд аз нисфирӯзӣ барои рафту омади донишҷӯён ба ноҳия монеа пеш меояд. Барои бартараф сохтани камбудии ҷой дошта хоҳиш мекунам, ки масъулин тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Шодмон Нурматов донишҷӯи курси чоруми ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров иброз дошт: «Саҳми баъзе аз донишҷӯёни ноҳия дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ назаррас мебошад. Донишҷӯёни фаъол дар конференсияҳои илмии донишгоҳҳо иштирок менамоянд, ҳамзамон дар маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавон мақолаҳои илмӣ ба нашр мерасонанд».
Ш. Нурматов ба Зариф Мирдадо маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавонро, ки дар он мақолаҳои донишҷӯён аз ноҳияи Ашт низ нашр гардидааст, тақдим намуд.
Ҳамзамон чандин донишҷӯи дигар, оид ба ҷои кори доимӣ таъмин гаштани онҳо баъд аз хатми донишгоҳ дар ноҳия, ворид кардани техникаҳои нав ба беморхонаҳои минтақавӣ дархосту пешниҳод намуданд.
Зариф Мирдадо барои амалӣ гардидани дархосту пешниҳоди донишҷӯён ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир ба 60 нафар донишҷӯ кӯмакпулии яквақтаинаи МИҲД-и ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.
Саодат ИСМОИЛӢ