Дар толори ҷамоати шаҳраки Шайдон оид ба пешгирӣ намудани бекоршавии ақди никоҳ, барҳам додани никоҳи хешутаборӣ ва пешгирии ҳар гуна омилҳои номатлуб байни ҷомеа бо фаъол занҳои ҷамоати шаҳраки Шайдон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳия Ашӯрова Обода суханронӣ намуда таъкид дошт: “Имрӯз аз сабаби барвақт оиладор кардани ҷавонон ақди никоҳи бархе аз оилаҳои ҷавон бекор карда мешавад, ки боиси нигаронист. Мо огоҳ ҳастем, ки никоҳи хешутаборӣ оқибати хуб надорад. Барои бартараф кардани камбудии ҷомеа мо бояд ҳама кӯшиш намоем, пеши роҳи бекоршавии ақди никоҳ ва зӯроварӣ дар оиларо гирем.”
Дар охир байни иштирокдон бо масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.