ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АССОСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

 114 боздид

Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо намояндагони ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм дар самти сари вақт супоридан ва пешпардохт намудани ҳаққи истифодаи об вохӯрӣ доир намуд.

Бояд зикр намуд, ҷомеаи 300-нафараи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияиАшт  таҳти сарварии Иброҳимҷон ВОҲИДОВ ба ҳайси обрасон—ёварони асосии кишоварзон фаъолият доранд. Дар тобеъияти коргоҳи мазкур 20 пойгоҳи обкашӣ ва 54 чоҳи амудӣ мавҷуд аст. Имсол обрасонҳо 16 ҳазор гектар заминро бо об таъмин намуданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ашт 22 Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият мекунанд ва лозим ба ёдоварист, ки саҳми онҳо ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани об калон аст.

Тавре сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия И.Воҳидов гуфт, мутааассифона на ҳамаи ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва хоҷагиҳои деҳқонӣ масъулияти пешпардохт ва сари вақт супоридани ҳаққи оби истифодашуда ва истифодамешударо ба дӯш мегиранд. Бо баҳонаҳои гуногун пардохти ҳаққи обро қафо меандозанд, дар ҳоле, ки ин амалро хоҳанд-нахоҳанд бояд ба сомон расонанд.

Қайд шуд, имрӯз дар ин самт ассосиатсияҳои истифодабарандагони об “Ҷаҳонгир—2005”, “Ҳамфикрон”, “Соҳили Сир”, хоҷагии давлатии ҷангали Ашт,  Коопративи тиҷоратии “Иттифоқ” фаъолияти хуб доранд ва ҳаққи истифодаи обро сари вақт пардохт менамоянд.

Аммо чанд ассосиатсияҳо, чун “Шаҳдоб”, “Нури саховат”, “Боғот”, “Сифон”, “Аҳл”, “Маҳмадюнус-саркор”, “Сароб-2” “Ошоба” ва чанди дигар бо ду пой меланганд ва ҳамагӣ 20-25 фисади ҳаққи истифодаи обро супоридаанду халос.

Бояд зикр намуд, ки барои ба хоҷагиҳо додани 1 метри мукааб об 10 дирам масраф мешавад. Коргоҳ бошад, аз хоҷагиҳо барои 1 метри мукааб об ҳамагӣ 2 дирам маблағ мегирад. Дар ҳамин ҳол ҳам, аксари ассосиатсияву хоҷагиҳои деҳқонӣ масъулиятро эҳсос намекунанд.

Раиси ноҳия ҳамчунин ҷиҳати пешгирии худсарона истифода бурдани замин, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи он, бахусус, заминҳое, ки дар шафати роҳи калони мошингузар ҷой гирифтаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Чанде аз онҳо бо вуҷуди он ки маротибаҳои зиёд огоҳ шудаанд, аммо ба қавле “гӯшти ману табари қассоб” гуфта аз пайи ислоҳи камбудӣ намешаванд.  Қайд гардид, ки 70 фисади замин бояд барои истеҳсоли ашёи стратегӣ истифода шавад. Имрӯз он дастрасӣ ва имконият, ки дар кишвари мо дар самти истифодаи замин ҳаст, кам кишварҳо соҳибанд.

Пас, барои пурсамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замину сарфакорӣ зоҳир намудан дар истифодаи об ва пардохти ҳаққи он ҳар нафаре, ки замин ӯро мехӯронаду мепӯшонад, вазифадор аст!

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.