Вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷа

 1 021 боздид

Имрӯз, 1-уми ноябр Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо сокинони деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон Рустамзода Наврӯз, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раиси кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон ва сокинони ин деҳаҳо иштирок доштанд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо сокинони деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷа мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷудошавии оилаҳо ва дигар мушкилиҳои ҷойдошта баромад намуда, аз фаъолон ва сокинони деҳа даъват ба амал овард то дар бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта бетараф набошанд.
Сокинони деҳаи Муломир аз Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои гузаронидани хатти оби нӯшокӣ, ба истифода додани бозори маҳаллӣ ва бо замини наздизҳавлигӣ таъмин шудан, дархост намуданд.
Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод ва таъкид дошт, ки ҳар як дархости сокинон ба инобат гирифта шуда, барои татбиқи он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Кӯлихоҷа 1871 нафар ва Муломир 2662 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.