Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Долона

 833 боздид

Нимаи дуюми имрӯз, вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо сокинони деҳаи Долонаи ҷамоати деҳоти Меҳробод доир гардид.

Дар вохӯрӣ зиёда аз 300 нафар сокинон иштирок намуда, оид ба муаммоҳои дар деҳа ҷой дошта суханронӣ намуданд. Сокинони деҳаи Долона аз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия хоҳиш намуданд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  клуби деҳаи мазкур аз таъмир баровада шавад ва ҳамзамон, барои таъмир кардани бунгоҳи тиббии деҳа, ҷудо намудани як адад воҳиди кории доимӣ барои аз муоинаи ҳамарӯза гузаштани сокинон ва сохтани варзишгоҳ дар деҳа, таъмири роҳҳо, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва тақсимоти замини назди ҳавлигӣ мусоидат намоянд.

Зариф Мирдадо дар ҷараёни вохӯрӣ иброз дошт ҳама дархости Шумо ба инобат гирифта шуда, барои бартараф намудани муаммоҳо дар деҳа тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Баъд аз анҷоми мулоқот бо сокинон Зариф Мирдадо ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ду нафар сокини ин деҳаро дидан намуда, ба онҳо кӯмаки яквақта расониданд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.