Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Сарваки боло

 1 016 боздид

8-уми апрел раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо сокинони деҳаи марзии Сарвак (Анклав)-и болои ҷамоати деҳоти Пунук вохӯрӣ доир кард, ки дар ҷараёни вохӯрӣ дархости сокинони ин деҳа шунида шуд.

Сокинони деҳаи Сарваки боло аз раиси ноҳия дархост намуданд, ки баъзе аз мушкилоти ҷой дошта, ҳангоми рафту омади сокинон ба маркази ноҳия дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардад. Ҳамзамон, сокинон аз Зариф Мирдадо дархост карданд, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ягона бинои МТМУ №56-и деҳаи Сарвак, ки барои бунёди он солҳои зиёд сипарӣ шудаву бинои муассиса ба талабот ҷавбгӯ нест, аз нав барқарор гардад.

Дар идома сокинон гуфтанд, ки мавҷи телевизионҳои кишвар дар деҳаи Сарваки боло дастрас нест. Барои паҳн намудани мавҷи телевизионҳои Тоҷикистон дар ин деҳа сокинон аз МИҲД-и ноҳия кӯмак талаб намуданд.

Дар охир Зариф Мирдадо ба  масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод ва таъкид дошт, ки ҳар як дархости сокинон ба инобат гирифта шуда, барои татбиқи он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Зимни вохӯрӣ ба якчанд оилаҳои ниёзманди ин деҳа маводи яквақтаинаи озуқаворӣ тақдим карда шуд.

Деҳаи Сарваки болои ҷамоати деҳоти Пунук аз маркази ноҳия тахминан 70 километрро ташкил медиҳад. Ин деҳа 110 хоҷагӣ ва 600 аҳолӣ дорад. Деҳа бо ҷамоати Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбекистон ҳамсарҳад мебошад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.