ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК (Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ)

 518 боздид

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати тамаддунпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Саразми бостонӣ дубора эҳё шуд, ҳифз гашт ва соҳиби мақоми ҷаҳонӣ гардид.
Санаи 21 сентябри соли 2009 бо қарори Ҳукумати ҶТ ёдгории 5500-солаи Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ” эълон гардид. Президенти кишварамон Саразми бостониро “хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” унвон додаанд. Маҳз бо ҳидоят ва дастгирии сарвари давлат таворакунии атрофи ин ёдгорӣ ва болопӯш намудани панҷ мавзеи ҳафриётӣ анҷом дода шуд.
Саразм ёдгории аҳди куҳан буда, аз ҷумлаи пурарзиштарин осори таърихии дунё маҳсуб мешавад. Он осорхонаи бузургест зери фазои кушод, ки аз маданияти кишоварзию шаҳрсозӣ ва дигар ҳунарҳои пешиниёни гулдасти халқи тоҷик нақл мекунад.
Тибқи шарҳи бостоншиносон Саразм маънои “сари замин” ва ё “оғози замин”-ро дорад. Бо маънои дигар Саразм маконест, ки тамаддун аз он ҷо оғоз меёбад. Профессори фаронсавӣ Пол Бернар дар бораи Саразм чунин гуфтааст: “Ҳафриёти Саразм ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон дар асрҳои энолит ва биринҷӣ маркази калони фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна буда, сокинонаш дорои маданияти баланд буданд”.
Ҳанӯз соли 1972 чӯпон Ашӯралӣ Тайлонов дар яке аз мавзеъҳои Саразм табари биринҷиеро ёфта, чанд сол дар хонааш нигоҳ дошт ва баъдан онро ба осорхонаи шаҳри Панҷакент супурд. Алҳол бошад, ин бозёфт дар осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Ин боис гардид, ки доктори илмҳои таърих, аввалин кашфиётчии Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов дар таҳқиқи ёдгориҳои беназири Саразм, муайянсозии нақшу мақоми саразмиён дар тамаддун ва фарҳанги пурғановати ниёгони мо саҳм гузорад.
Дар кофтуковҳои Саразм баробари муаррих А.Исҳоқов пажӯҳишгарони Франсия, Америка, чандин олимони ватанӣ саҳми хеш гузоштаанд. Баъдан бо дастури Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои ҶТ ва Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия санад дар бораи ёдгории Саразм дар тамаддуни умумибашариро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Санаи 31 июли соли 2010 дар иҷлосияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия барпо гардид, ёдгории Саразм ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид карда шуд.
Бояд гуфт, 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12-28 ноябри соли 2019 баргузор шуд, ба рӯйихати солгарди ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид гардид. Тибқи қарори Ҳукумати ҶТ 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки олмони ҷаҳонӣ, пажӯҳишгарон, сиёсатмадорон ва оммаи васеи халқи тоҷик ботантана ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Таҳияи Ю.СИДДИҚОВ, “Шуҳрати Ашт”

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.