“ХОНАРО БА БЕХОНАЕ ДИҲАНД, МАН ХОНА НАМЕГИРАМ” (Бахшида ба 80-солагии шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев)

 84 боздид

Адолати давлатдорӣ ва низоми мақомоти про­ку­ра­тура, аз самимияту садоқати кормандоне вобаста аст, ки дар ин соҳа кор мекунанд. Албатта, таҳия ва қабули қонунҳо кори басо мушкил аст, аммо иҷрои онро назорату таъмин намудан, боз ҳам душ­вор­тар аст, ки ин масъули­ят­ро кормандони прокуратура ба душ доранд. Ман ҳамчун собиқадор – ветерани ин мақомот ҳам­касбо­­нам­ро барои он ҳурмат мекунам, ки таъмин­гари волоияти қонун буда, софдилона хизмат мекунанд ва рӯзгори ободи халқ­ро нигаҳбонанд.

Низоми прокуратура шахсиятҳои зиёде дорад, ки аз ному корашон иф­тихор кардан меарзад. Нурулло Ҳувайдуллоев яке аз онҳо аст. Насли калон­соли кишвар, онҳое, ки фоҷиаи аввали солҳои навадуми қарни ХХ-ро аз сар гузаронидан ин номро ба хубӣ мешиносанд ва ёд доранд, ки як даврае мах­сусан, аз моҳи май то августи соли 1992 вай барои гурӯҳи азими аҳолӣ умед ба барқороркунандаи ҳақиқат буд: “Зӯри оппозитсия ба давлати мо наме­ра­сад. Прокурори генералӣ – Нурулло Ҳувайдуллоев ва ҳам­корону ҳаммас­ла­ко­наш қонуншиканиро пешгирӣ мекунанд. “Қонун зинда аст.”– мегуфтанд мардум.

Нурулло Ҳувайдуллоев тамоми умри кӯтоҳ ва пурбаракати худро сарфи роҳи қонун кард. Вай баъди давраи хизмати мустақили судягиаш ба идораи давлатӣ омада, дар вазифаи масъул – мудири шуъбаи маъмурии Ҳукумат ва баъдан, ҷонишин ва мудири шуъбаи маъмурии Кумитаи марказии Ҳизби комунис­тии Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Ӯ дар Академияи илмҳои ҷамъиятӣ ҳамчун аспирант таҳсил карда, дар ин давра рисолаи номзадиро омода намуда, онро бо­муваффақият ҳимоя кард. Дар фаъо­лияти корӣ ҳамчун Прокуро­ри генералии ҷумҳурӣ, илмҳои ҳуқуқши­носии дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъият­ши­но­сии ш. Москва омӯхтаашро дар таҷриба татбиқ намудааст. Давраи сарварии Н. Ҳувайдул­ло­ев ҳамчун Прокурори генералии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон дар интихоб, ҷо ба ҷо гузории кадрҳо, қабули онҳо ба мақомот низ тағиротҳои куллӣ ба амал ома­да буд.

Ҳангоми интихоби кадрҳо диққати асосӣ ба саводнокӣ, кор­донӣ, таҷ­рибаи корӣ, таҷрибаи роҳбарӣ, поквиҷдонӣ, покдилии корманд дода мешуд. Рӯзҳои душанбе дар вақти гузаронидани маҷлиси ҳафтавор дар назди Проку­ро­ри генералӣ ба бастҳои холӣ аз ҷониби шуъбаи кадрҳо 3-4 нафарӣ кор­кунони дар захи­раи кадрҳо буда, ҳамчун номзадҳо пешниҳод карда ме­шуданд. Номзадҳо аз ҷониби ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳо, мавриди баррасӣ қарор дода мешуданд ва баъдан ба овоз мемонданд ва кормандоне, ки овози зиёд мегирифтанд, ба маҷлис даъват карда шуда, розигии онҳо ба вазифаи пешбинишуда,гирифта мешуд ва дар асоси фар­монҳои Прокурори генералӣ ба вазифаи проку­рори шаҳру ноҳияҳо, сар­дорони раёсату шуъбаҳои прокуратураи вилоят­ҳо ва дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ таъин карда мешуданд.

Мувофиқи фармони Прокурори генералӣ комисияи атестат­си­онӣ аз ҳи­соби олимон, профессорон, муаллимони факултети ҳуқуқшиносии До­ниш­­гоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардоронираёсату шуъбаҳои Про­куратураи генералии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки ин комиссия сатҳи дониш ва дигар нишондиҳандаҳои касбии довталабони бо ариза ба мақомоти Прокуратура оиди ба кор дохил шудан муроҷиат на­мударо санҷида мебаромад.

Довталабон мувофиқи хулосаи комиссияи атестатсионӣ ба кор қабул карда мешуданд. Дар натиҷа як қатор донишҷӯёни босавод, болаёқат, ки дар мақомот кор кардан мехостанд ба кор қабул карда шуданд, ки онҳо то ҳол бомуваффақият дар мақомот дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд.

Дар баргузории озмунҳо олимони намоёни соҳаи ҳуқуқши­но­сӣ О.У. Ус­монов, Ш.Т. Тағойназаров, М. Раҳимов, Н.А. Абдуллоев ва М.А. Маҳ­мудов иштирок меварзиданд. Роҳбарии комиссияи озмун ба дӯши муовини Проку­рори генералӣ Н.Э. Эмомов вогузор шуда буд.

Н. Ҳувайдуллоев ба мустаҳкам кардани фаъолияти кории прокурор­ҳои шаҳру ноҳияҳо диққати ҷиддӣ медод ва бо ин мақ­сад зиёда аз 30 дар сади коркунони дастгоҳи марказиро ихтисор карда, онҳоро ба проку­ратураҳои поёнӣ фиристод. Мубориза ба муқо­били ҷиноят ва ҷинояткорӣ пурра ҳама­та­рафа дар муҳлат­ҳои нишондодашуда, баррасӣ кардани арзу шикоятҳои шаҳр­вандон, омузиши парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ, баҳои ҳуқуқии дуруст додан ба ҳаракатҳои ҷинояткоронаи шахсони ҷиноятсодир­намуда новобаста аз шахсияташон аз талаботи доимии Прокурори генералӣ буд.

Н. Ҳувайдуллоев нисбати иҷрои вазифа серталаб буд ва кормандони поквиҷдон, босавод, масъулиятшиноси вазифаи худ бударо эҳтиром мекард.

Дар вақти таъин намудани кормандон ба вазифа, ба маҳалли зист ва таваллуди ӯ умуман аҳамият намедод. Н. Ҳувайдуллоев нафақат ҳуқуқшино­си шинохтаи ҷумҳурӣ, балки инсони қонун­тарс ҳам буд. Ба тамоми нозуки­ҳояш талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳоро дониста, иҷрои пурраи он­ҳо­ро талаб менамуд.

Ӯ дар таҳияи аввалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дав­лати соҳибистиқлол роҳбари гурӯҳи корӣ буд. Дар душвортарин саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик мақомоти Прокуратураи Тоҷи­кистон бо раҳ­ба­рии Нурулло Ҳувайдуллоев ба вазифаи худ содиқ монд. Яъне аз паси қасд­гирӣ, душмансозӣ ё душманбозӣ нашуда, дар ҳар куҷое, ки лозим шуд, қонунро ҳимоя мекард. Нисбати вайронкунандагони қонун, новобаста аз вазифаҳои ишғолнамудаашон, чораҳои пешбини­намудаи қонун­ро татбиқ намуда, риояи бечунучарои қонуниятро талаб мекард. Дар фаъолияти кории худ аз кормандони мақомоти прокуратура талаб менамуд, ки онҳо кафили ҳимояи ҳуқуҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бошанд, новобаста аз ишғоли вазифа ва ба кадом гурӯҳи иҷтимоию сиёсӣ мансуб буданашон. Аз ҳамин сабаб ҳам, дар тамоми давраи моҷарои сиёси ва ҷанги шаҳрвандӣ доғе ба ному амали кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон нарасидааст.

Ин кори душвор, вале пуршарафи роҳбарияти прокуратура буд. Зеро дар нимаи аввали солҳои навадум, дар он замоне, ки қонуншиканӣ ва ташкили митингҳои ғайриқонунӣ, муқовимати сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, давом додани фаъолият ва таъмини қонуният кори саҳл набуд. Дар он давр ҷону номуси одамон қиммат надошта, силоҳдор соҳиби ҳама чиз буд ва ба кормандони прокуратура, суд ва милитсия аз тарафи силоҳ­бадаст таҳдиду таҳқирҳо мерасид. Ба ин нигоҳ накарда, таъмин кардани назорати Проку­ро­рӣ оид ба иҷроиши талаботи қонунҳо, яке аз хизматҳои олӣ ва боша­рафонаи собиқ Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ба ҳисоб меравад.

Худи ӯро бисёр озор доданд ва таҳқирҳо карданд: дар иҷлосияҳои қариб ҳаррӯзаи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1992, ки депу­татҳои ба гап “демократ” ба Про­ку­рори генералӣ ҳуҷум мекарданд, дар амали матбуоти ба истилоҳ “озод”, ки худсарона сурати Прокурори гене­ралии То­ҷи­кис­тонро чоп карда “ӯ ҷинояткор аст, вайро милитсия ҷустуҷӯ дорад” менавишт, дар мусоҳибаи телевизиони ба ном “марду­мӣ”, ки моҳи августи соли 1992 чанд мухбири “озод” ба Нурул­ло Ҳувай­дуллоев ҳуҷум овар­да, вайро шикаст додан хостанд, аммо худашон шар­манда шуданд, дар ҳа­маи ин воқеаҳо Нурул­ло Ҳувайдуллоев худро чун шахси ба ҳуқуқ содиқ, чун инсони одил ва тавоно, чун ҳомии ҳуқуқ нишон дод.

Одам дар ҳайрат мемонад, ки чаро Нурулло Ҳувайдуллоев аз таҳқирҳо, таҳдидҳо асабӣ шуда, ба онҳо баланд гап намезад. Шояд барои он ки баланд ва ҷиддӣ будани мавқеи ҳукуматиаш – таъминкунандаи адолат буданашро ҳеҷ вақт аз ёд намебаровард.

Ба назари ман кори бузурге, ки дар таърихи прокуратураи тоҷик ин ҷавон­марди асил ва ҳуқуқшиноси тавоно анҷом дода­аст, ин аст, ки поки­за­гии мақомҳои ҳифзи ҳуқуқро ҳимоя карда, бо амали худ чӣ хел будани фит­рати прокурори тоҷикро нишон дод. Аз ҳамин сабаб ҳам, вақте 24 августи соли 1992 душманони осоиши кишвар ӯро ваҳшиёна қатл карданд, матбуот на­вишт: ”қонун кушта шуд”. Дар воқеъ, қотилон муҳофизони қонунро тарсон­дан, аз корашон дур андохтан мехостанд, аммо натаво­нис­танд.

Н. Ҳувайдуллоев шахси шикастанафс, дурандешу хоксор, нисбати кор­мандон хушмуомила буд. Дар фаъолияти кории якҷоя бисёр воқеаҳоро ман мушоҳида кардам ва онҳо аз ёдам намераванд. Вақте ки собиқ Про­куро­ри ҷум­ҳурӣ Михайлин Г.С. аз ҷумҳурӣ ба Руссия кӯч баст, хонаи хизматии Прокурори ҷум­ҳури “коттедж” холӣ шуд, мо 2-3 нафар аъзои ҳайати мушо­вараи прокуратураи ҷумҳурӣ ба наздаш даромада, ба ӯ изҳор кардем, ки ба хонаи хизматӣ кӯчад. Вай дар ҷавоб чунин гуфт: ”Одамон бе хона гаштаанд, зиндагиашон вазнин бинобар ин, хонаро ба ягон шахси бехона диҳанд. Ман хонаро намегирам.” Мошини хизматии Прокурори генерали кӯҳна ва фарсуда шуда буд, ронанда Мусоев Довуд тез-тез ба ман муроҷиат мекард ва онро таъмир мекардем. Рӯзе дар вақти суҳбат ба Н. Ҳувайдуллоев так­лиф пешниҳод кардам, ки автомашинаи хизматии нав хари­дорӣ намояд.Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Одамон дар кӯчаҳо пиёда, гу­русна, сарсону саргардон гаш­таанд ва мошинаи нав савор­шу­данро ба худ сазовор намешуморам.” Баъ­ди чанд рӯз мошинаи хизматиро дар заводи қисмҳои эҳтиётии Кони­бодом таъмир намуда, маблағашро гузарониданд.

Дар вақти таъмири автомашина бошад, Ҳувайдуллоев мошинаи фар­судаи хизматии Прокурори н. Варзобро (“Москвич”)-ро истифода мебурд. Батағйир ватаъмир кардани утоқи корӣ низ Н. Ҳувайдуллоев розигӣ надод.

Н. Ҳувайдуллоев дар хона низ зиндагонии хоксорона ме­бурд.Таъми­ри хонаи истиқоматиашро баъди кор худаш бо ҳам­роҳии рафиқонаш ба анҷом мерасонд. Ба тарбияи фарзандон дар оила диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи тозагии виҷдон, меҳмондӯстӣ, содиқ будан ба Ватан тарбия намуда, нисбат ба рафиқону дӯстон ва фарзандон ғамхору меҳрубон буд. Н. Ҳувай­дуллоев баробари забони тоҷикӣ, забони русиро низ ба дараҷаи олӣ бо тамоми нозукиҳояш медонист.

Н. Ҳувайдуллоев дар фаъолияти кориаш бо кормандони тех­ни­кӣ, нозирон, фаррошон, ронандагон муносибати хуб дошта, меҳнати онҳоро қадр мекард. То давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Проку­рори гене­ралии собиқ Иттифоқ оиди ҳолати иҷроиши талаботи қонунҳо дар соҳаҳои хоҷагии ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида, раёсату шуъбаҳо дар ҳаҷми 10-12 саҳифа ба забони русӣ гузоришҳо тайёр намуда, барои имзо ба ӯ пешниҳод мекарданд. Н. Ҳувайдуллоев эҳтиёткорона, бо қалами оддӣ онро ислоҳ наму­да имзо мегузошт. Ҳеҷ вақт бо ручка онро ислоҳ наменамуд ва боз аз нав бо мошинка чоп карданро талаб намекард.

Бо супориши Н. Ҳувайдуллоев як қатор парвандаҳои ҷиноятӣ, ки аз ҷониби судҳо ҳукмҳои айбдоркунанда бароварда шуда буданд, мавриди  таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Бо сабаби дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ ба пуррагӣ муйян нашудани ҳолатҳои ҷиноятҳои содиршуда, татбиқи ҷазоҳои номувофиқ нисбати кирдорҳои маҳкумшудагон, эътирозҳои назора­ти овар­да­шуда дар он масъалаҳои бекор кардани ҳукмҳои судӣ ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ гузошта шуда буд. Ҳамин тавр, шахсҳои нодуруст маҳ­кумшуда, озод ва ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо барқарор карда шуданд.

Талабот ва шиори кории Н. Ҳувайдуллоев “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд!” буд.

Хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев, ки марди наҷибу фурӯтан ва ин­сони асилу кордон ва соҳибихтисос низ буданд дар дили ман ва ҳамсолону ҳам­маслакон, хешу таборон, шогир­дон, ки он шахсро мешинох­танд як умр боқӣ хоҳад монд.

Ба назарам Амир Хусрави Деҳлавӣ маҳз дар ҳақи чунин аш­хос фар­мудааст:

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.

Нурулло Ҳувайдуллоев хислатҳои нек ва фазилатҳои ҳами­даи инсонӣ, аз қабили ростгӯӣ, садоқат, ҷасорат, сабр, таҳаммул, масъулият­шиносӣ, қадр­­­шиносӣ ва поквиҷдонӣ доштанд. Ин марди наҷиб нисбат ба худ ва зердастон серталаб буда, ҳамеша ба иҷрои бечунучарои қанунҳо мекӯ­шиданд.

Хайруллоев Муҳаммадҷон,

генерал майори адлия,

ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.