ЗАНЕ, КИ СЕ АСРРО ДИДААСТ, АЗ ДУНЁ ГУЗАШТ

 2 222 боздид

Сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Фотима Мирзоқулова, ки барояш муяссар шудааст, дар се аср зиндагӣ кунад, аз дунё гузашт.

Очаи Фотима Мирзоқулова 13 марти соли 1893 дар деҳаи Даҳанаи ҷ.ш.Шайдон таваллуд шудааст. Тибқи маълумоти пайвандон ӯ якумр дар колхозҳои ноҳия (ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ) кор кардааст. Соҳиби 8 фарзанд: панҷ духтару се писар аст, ки ҳар яке соҳиби маълумот, оилаву хонаву даранд. Ин зани меҳнатӣ баъди ба нафақа баромадан ҳам дар хона нанишаста, дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта меҳнати босамар менамуд. Аз аввал то анҷоми мавсими ҷамъоварии ҳосили “Тиллои сафед” заҳмат мекашид. Барояш ин кор хеле писанд буд.

Очаи Фотима соҳиби наздики 200 набераю абераю чабера аст.

25 январи соли 2020 аҳли пайвандон  чунин инсони фариштасимо ва барнодил—очаи Фотимаро ба дунёи фонӣ гусел намуданд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.