ЗАРИФ МИРДАДО: АГАР ВАТАН, ОБОДИИ ОН, ОЯНДАИ НАСЛИ НАВРАС, СОЛИМИИ ҶОМЕА МУҲИМ БОШАД, ПАС ЭҲСОСИ БАЛАНДИ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД! (Нуктаҳо аз нишасти матбуотӣ)

 586 боздид

Имрӯз, баъди нисфирӯзӣ дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аввалан ба намояндагони васоити ахбори омма бурду бохти шашмоҳаи хоҷагии халқи ноҳияро тариқи муфассал бозгӯ намуд.
Баъдан журналистон ба суолҳои худ посух гирифтанд. Инак, фишурдаи он:
1.Савол: Чандест ҳудуди муайян дар роҳи мошингарди Аппон вайрон аст. Ҷиҳати таъмиру тармими он кай тасмим гирифта мешавад?
Ҷавоб: Ба ҳамагон маълум аст, айни замон таъмири пурраи роҳи Шайдон—Понғоз анҷом ёфт. Дуруст аст, ки дар ноҳия роҳҳое, ки ба таъмиру тармим ниёз доранд, кам нестанд. Дар ин самт корҳо, ки оғоз шуданд, итминон дорем, таъмири роҳ дар ин ҳудуди роҳи мошингарди Аппон низ ҷараён мегирад.
2. Савол: Дар давраи ҳисобӣ чанд ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шудааст?
Ҷавоб: Соли равон 17 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли пеш 12 адад кам аст, яъне соли пеш 24 адад буд.
Савол: Мушкилоти соҳаи тандурустиро бозгӯ мекардед. Баъдан мехостем фаҳмем, дар ноҳия тестҳо барои муайян намудани коронавирус ҳаст ё не?
Ҷавоб: Мушкили соҳаи тандурустӣ, бахусус дар оғози пандемия ин омода набудани табибон буд, ки ин вазъ дар тамоми қаламрави кишвар ба чашм расида буд. Ҳамчунин таъсиси ҷойҳои махсус барои карантин ҳам мушкили соҳа буд. Айни замон ин мушкилиҳо рафъ шудаанд. Аллакай табибон ҷиҳати табобати беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ таҷриба ҳосил кардаанд.
Бояд гуфт, то аз санаи 30 апрел то ин замон ба беморхонаи марказии ноҳия 89 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш муроҷиат намудаву бистарӣ шуданд, 5 нафар фавтиданд, 84 нафар сиҳат шуданд.
Тест барои муайян намудани бемории сироятӣ то ҳол дар шаҳри Хуҷанд ҷараён мегирад.
3. Савол: Масъалаи сохтмони собиқ Хонаи фарҳанг, ки дар нишастҳои матбуотии пешина низ бозгӯ шуда буд, кай ҳалли худро меёбад?
Ҷавоб: Он амалҳое, ки ҷиҳати то андозае обод намудани қисмати пеши ин бино (чун дар роҳи марказии ноҳия ҷой гирифтааст) бояд анҷом меёфтанд ва вобаста ба МИҲД-и ноҳия буд, иҷро шудааст, ниҳолҳо шинонида шудаву ҷойи нишаст низ ташкил карда шудааст. Мутаассифона, соҳибмулк дар Федератсияи Россия қарор дорад. Чанд маротиб даъват намудем, эътимод дорем, дар фурсатҳои наздиктарин бармегардад ва сохтмонашро оғоз мекунад.
4. Савол: Имрӯз на дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳаммом ҳаст. Ин нуктаҳо дар рӯзномаи ноҳиявӣ расонаӣ шуда буд, аммо масъулин таваҷҷуҳ зоҳир нанамуданд. Дар ин самт метавон ба беҳбудӣ умед баст?
Ҷавоб: Дар маркази ноҳия—шаҳраки Шайдон ҷиҳати таъмин будани аҳолӣ бо ҳаммом мушкилӣ нест. Мушкилӣ асосан дар ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Пунук ҳаст (айни ҳол дар ҷ.д. Пунук ба сохтмони ҳаммом оғоз кардаанд ва 50 фисади корҳо анҷом ёфтааст). Бо эътимод метавон гуфт, то таҷлили 30-солагии Истиқлолият ин масъала ҳалли худро меёбад.
5. Савол: То куҷо соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт барои паси сар намудани мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус омода аст? Барои рафъи ин беморӣ аз буҷаи ноҳия ҷӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?
Ҷавоб: Метавон гуфт, соҳаи тандурустӣ ҳамаҷониба барои “пешвозу гусели” ин “меҳмони нохонда” омода аст. Мушкил танҳо дар он аст, ки имрӯз аҳолӣ то андозае бемасъулияту бепарво шудаанд, на ҳама ба қавоиди беҳдоштӣ риоя мекунанд. Ҳарчанд ҷиҳати фаҳмонида додани роҳҳои пешгирӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гурӯҳҳои корӣ фаъолият менамоянд, аммо то ҳол ба ҳадафҳои хеш нарасидаем. Хуб мешуд, сокинони ноҳия дар ин самт масъултар мешуданд. Пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ рисолати ҳар нафар аст, чун ҳадаф солимии аҳолист!
Аз буҷаи ноҳия ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ин беморӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Бояд зикр намуд, ҷиҳати ёрмандӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ чӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва чӣ Раиси вилояти Суғд дастгириҳои зиёд зоҳир шудааст. Ҳамчунин ашхоси хайрхоҳу соҳибкорони босахои ноҳия низ дар ин самт МИҲД-и ноҳияро дастгирӣ менамоянд. Боз 12 ҳазор сомонии дигар ҷудо карда мешавад, барои харидории маводи тиббӣ ва дорувориҳои зарурӣ, дар маҷмӯъ пешгирии ин беморӣ.
6. Савол: Ҷиҳати таъсиси ҷойи корӣ дар ноҳия аз ҷониби МИҲД-и ноҳия чи корҳо анҷом ёфтаанд (ин суол тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук дода шудааст)?
Ҷавоб: Дар ноҳия наздики 15 ҷойи кории холӣ айни замон ҳаст. Хоҳишмандон метавонанд, биёянд, марҳамат, кор кунед. Аксари ҷавонон баъди як ё ду ҳафта корро партофта мераванд. Ин боггӯи он аст, ки ё лаёқат надоранд ё хоҳиши меҳнат кардан.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо аз бетарафии баъзе аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сардорони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати на ҳамеша огоҳ будан аз вазъи сиёсии ҳам ҷомеа ва ҳам ноҳия, навиштани вокунишҳо, дастрасӣ доштан ва мутолиаи маводҳои шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ намуд. Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва тавонем ба нодидагириҳо, дурӯғу дасисакориҳои душманони миллат ҷавоб гардонем, фазои иттилоотии ноҳияро холӣ намонем. Масъулем, дастоварду комёбиҳои кишвари хешро муаррифӣ намоем ва нагузорем, ватанфурӯшони миллат ба ҳадафҳои нопоки хеш бирасанд.
Агар Ватан, ободии он, ояндаи насли ҷавон, солимии ҷомеа муҳим бошад, пас эҳсоси масъулияти баланд мебояд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.