Зариф Мирдадо бо фаъолони Ҷамоати шаҳраки Шайдон мулоқот намуд

 527 боздид

Имрӯз 8 декабри соли ҷорӣ дар толори Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт вохӯрии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо қишрҳои гуногуни ҷамоат баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, фаъолон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, омӯзгорон, собиқадорон ва директорон муассисаҳои таълимии Ҷамоати шаҳраки Шайдон иштирок доштанд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ қайд кард, ки дар самти пешгирии зуҳуроти террористиву экстримистӣ нақшаи чорабинии байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизму терроризм таҳиява тасдиқ гардида, бо ҷалби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мунтазам корбарӣ карда мешаванд.
-Ҷамоати шаҳраки Шайдон низ ба гурӯҳи ҷамоатҳои осебпазир шомил буда, теъдоди шомилшудагон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ин ҷамоат 2 нафарро ташкил медиҳад.
-Чизи дигаре, ки имрӯз моро нигаронкунанда кардааст, ин тавассути шабакаҳои интернетӣ фикру ғояҳои мардумро нисбати давлату Ҳукумат тағйир додани гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳар як амалу кирдор ва гуфтори худро дар шабакаҳои интернетӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, амалҳои хоинонаву разилонаи онҳоро маҳкум намуда, ҷавобҳои саҳеҳи гуфтори онҳоро радкунанда пешниҳод намоем.
-Тибқи иттилои ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт, дар миқёси ноҳия давоми 11 моҳи соли 2020, 273 адад ҷиноят содир гардидааст, ки аз ин шумора 39 адад ҷиноят ба Ҷамоати шаҳраки Шайдон тааллуқ дорад. Бо вуҷуди корҳои пешгирикунанда ҳамоно мардум алалхусус, ҷавонон бо кирдорҳои ношоями ҷинояткорӣ даст зада истодаанд.
Тавре ба мо иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин пеш аз ҳама пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ дар асоси Конститутсия ва талаботи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мебошад.
Инчунин Раиси ноҳия дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷамоат оид ба чароғонкунии кӯчаҳо, сабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар кӯчаву назди корхонаву ташкилотҳо эродҳои ҷидди гирифт.
Баҳриддинзода Баҳодур раиси Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар охир зикр дошт, ки фаъолони ҷамоат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, минбаъд низ корҳои амалиро дар самти пешгирии зуҳуроти терроризму экстримизм, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, паст намудани вазъи ҷинояткорӣ вусъат бахшида, корҳои тарғиботӣ-ташвиқотиро дар ин самт густариш медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.