Ин нукта имрӯз, 20 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт бо сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоти деҳоти Ашт, садо дод.
Дар мулоқоти Раиси ноҳияи Ашт, муовини Раиси ноҳияи оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудозода Ҷамшед, раиси Ҷамоати деҳоти Ашт Раҳматҷонзода Шавкат, директорони муассисаҳои таълимии Ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони бозор ва мағозаҳо ва сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо имрӯз, дар доираи сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Ашт, бо сокинони деҳаи Дӯсти мулоқот намуд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, ба тозагии кӯчаву маҳалҳои аҳолинишин эрод гирифта, аз ҷумла қайд кард, “Мо пеш аз ҳама бояд барои тозагии гирду атрофи худ саҳмгузор бошем ва наслҳои ояндаро дар табиати зебо ва дур аз бемориҳои сирояткунанда тарбия намоем. Баҳри ободу зебо ва тозагии муҳити зисти худ бетараф набошем”.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин барои тоза нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зист ва дур кардани партовҳои бесоҳиб аз ду тарафи роҳҳои асосӣ, дастуру супориш дод.
Мавриди зикр аст, ки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар доираи сафари худ ба Ҷамоти деҳоти Ашт, аз рафти оғози корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 иштирок намуд.