Зариф Мирдадо: Иҷлосияи наҷотбахш фарзанди фарзонаро ба халқи тоҷик эҳдо кард

 1 933 боздид

Имрӯз, 16-ноябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ноҳияи Ашт , 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Нахуст, роҳбарияти ноҳия ҳозирин ва аҳли мардуми ноҳияи Аштро ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Иҷлосияи тақдирсози мамлакат ном мебаранд, таҳният гуфт.

Роҳбарияти ноҳия зимни баромад ва табрикот ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд: “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25-сол муқаддам дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида буд, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Иҷлосияи наҷотбахши Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик, эҳёгари давлати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба давлати Тоҷикистонро дод. Тӯли 25 сол симои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат ба куллӣ тағйир ёфт. Тоҷикистон аз давлати аграрию саноатӣ ба давлати саноатию аграрӣ мубаддал гашт ва дар татбиқи ҳадафҳои созандаи худ устуворона пеш рафт. Таъмини тартибу низом, сулҳу субот, зиндагии осоиштаи ҳамаи мардум новобаста аз миллату эътиқоди динӣ, ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд.  Халқи тоҷик сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда,  имрӯзҳо ҳадафи бузург – рушди давлати соҳибистиқлоли аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро доранд”.

Зимни таҷлил аз 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аз ҷониби Бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ баҳри ҳозирин гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.